Олими тоҷик ба ҷоизаи Амири Қатар сазовор дониста шуд

Олими тоҷик барои комёбиҳо дар бахши фаъолияти тарҷумонӣ бо ҷоизаи  Шайх Ҳамад қадрдонӣ шуд. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, рӯзҳои 11 -12 декабр дар пойтахти Давлати Қатар – шаҳри Давҳа дар рафти конфронси байналмилалии тарҷумонӣ ва тафоҳуми байналмилалӣ, ки бо ҳузури олимону тарҷумонҳои варзида ва намояндагони доираҳои илмии беш аз 20 кишвари ҷаҳон баргузор […]

Asia-Plus

Олими тоҷик барои комёбиҳо дар бахши фаъолияти тарҷумонӣ бо ҷоизаи  Шайх Ҳамад қадрдонӣ шуд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, рӯзҳои 11 -12 декабр дар пойтахти Давлати Қатар – шаҳри Давҳа дар рафти конфронси байналмилалии тарҷумонӣ ва тафоҳуми байналмилалӣ, ки бо ҳузури олимону тарҷумонҳои варзида ва намояндагони доираҳои илмии беш аз 20 кишвари ҷаҳон баргузор шуд, таълифоти олимони тоҷик низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Гуфта мешавад, дар конфронси мазкур бо қарори ҳайати доварони байналмилалӣ Фарҳанги арабию тоҷикии Сарходими маркази “Синошиносӣ”-и Академияи илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои филология, профессор Саидраҳмон Сулаймонӣ дар номинатсияи беҳтарин фаъолият дар соҳаи тарҷумонӣ ва фарҳангнигорӣ сазовори мақоми аввал эълон шуд.

Зимнан зикр мегардад, ки рӯзи 12 декабри соли 2018 дар шаҳри Давҳа маросими расмии супоридани ҷоизаи  Шайх Ҳамад дар соҳаи тарҷумонӣ ва тафоҳуми байналмилалӣ баргузор гардид ва намояндаи шахсии Падарамири Давлати Қатар ҳамчун нишони қадрдонӣ аз рушди илму маърифат дар Тоҷикистон ва саҳми олимони тоҷик дар тақвияти робитаҳои байналмилалӣ, ҷоизаи мазкурро ба профессор Саидраҳмон Сулаймонӣ барои таълифи Фарҳанги арабӣ-тоҷикӣ тақдим намуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.