Дар Хоруғ бузургтарин ҷамоатхонаро дар минтақа боз карданд

Дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – шаҳри Хоруғ Маркази исмоилия боз шуд, ки бо харҷи 15 млн. доллар аз ҳисоби воситаҳои молии Бунёди Оғо Хон сохта шудааст. “Ҷамоатхона ва Маркази Исмоилия” (Ismaili Jamaаtkhana and Centre) бо майдони 4600 метри мураббаъ 1,3 гектар қаламравро фаро мегирад. Марказ аз се қисмат иборат аст: намозхона барои […]

Asia-Plus

Дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – шаҳри Хоруғ Маркази исмоилия боз шуд, ки бо харҷи 15 млн. доллар аз ҳисоби воситаҳои молии Бунёди Оғо Хон сохта шудааст.

“Ҷамоатхона ва Маркази Исмоилия” (Ismaili Jamaаtkhana and Centre) бо майдони 4600 метри мураббаъ 1,3 гектар қаламравро фаро мегирад. Марказ аз се қисмат иборат аст: намозхона барои 1500 нафар, қисми маъмурии иборат аз китобхона, маҷлисгоҳ, утоқҳои кориву синфхонаҳо ва толори иҷтимоӣ барои 450 нафар.

Маросими гузоштани санги асос ба пойдевори Маркази исмоилияи фарҳангӣ-маърифатӣ дар Хоруғ санаи 3 ноябри соли 2008 бо иштироки Волоҳазрат Оғо Хони IV баргузор шуда буд.

Он замон Оғо Хони IV изҳор дошта буд, ки “ин марказ дар партави арзишҳои инсонии зуд-зуд тағйирёбанда сарфи назар аз гуногунии андешаҳо, аз ҷумла динӣ, бояд ба муттаҳидии талошҳо баҳри даст ёфтан ба ҳусни тафоҳум ва сулҳу субот дар минтақа мусоидат намояд”.

Марҳилаи фаъоли сохтмони бинои марказ пас аз 8 соли гузоштани санги асос ба таҳкурсии он – соли 2016 оғоз гардид.

Ҷамоатхона ва Маркази исмоилия дар Хоруғ пас аз Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе дуюмин чунин марказ дар Тоҷикистон аст. Сохтмони маркази исмоилияи шаҳри Душанбе соли 2006 оғоз гардида буд. Тамоми қаламрави Марказ 16 гектар ва бинои марказ 3 гектарро фаро мегирад. Барои бунёди деворҳои марказ аз Самарқанд 3 миллион дона хишт оварда шуд. Дохили бино ба аз 4 бахш – маъмурӣ, иҷтимоӣ, барои ҷавонон ва маърифатӣ бо китобхона иборат аст.

Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе 12 октябри соли 2009 бо иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Волоҳазрат Шоҳзода Карим Оғохони IV мавриди истифода қарор гирифта буд. Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе  панҷумин маркази исмоилия дар саросари ҷаҳон аст. Қаблан чунин марказҳо дар Британияи Кабир, Канада, Португалия ва Амороти Муттаҳидаи Араб сохта шудаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.