Шикояти писари генерали ҳамсарашро қатлкарда аз болои ҳукми суди Душанбе

Бобоҷон Ширинов-и 33 сола, собиқ котиби Суди олии иқтисодии Тоҷикистон, ки ҳамсарашро бераҳмона қатл кард, аз болои ҳукми Суди шаҳри Душанбе аз моҳи ноябр ба Суди олии Тоҷикистон шикоят кард. Ширинов ва адвокати ӯ дар шикояти худ, ки ба ҳайати мушовара (коллегия) оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди олии ҷумҳурӣ фиристода шуд, ҳукуми суди шаҳри Душанберо […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Бобоҷон Ширинов-и 33 сола, собиқ котиби Суди олии иқтисодии Тоҷикистон, ки ҳамсарашро бераҳмона қатл кард, аз болои ҳукми Суди шаҳри Душанбе аз моҳи ноябр ба Суди олии Тоҷикистон шикоят кард.

Ширинов ва адвокати ӯ дар шикояти худ, ки ба ҳайати мушовара (коллегия) оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди олии ҷумҳурӣ фиристода шуд, ҳукуми суди шаҳри Душанберо сахту вазнин ва беадолатона шуморидаанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз мақомоти судии Тоҷикистон.

Санаи 1 ноябри соли равон Суди шаҳри Душанбе Бобоҷон Шириновро, ки тобистони ҳамин сол собиқ ҳамсари худ Моҳира Ятимоваро бераҳмона кушта буд, ба 18 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард. Қаблан айбдоркунандаи давлатӣ ба Бобоҷон Ширинов таъини ҷазои 20 соли зиндонро дархост намуда буд.

Зимни сухани охирини худ дар мурорфиа Ширинов аз суд дархост намуда буд, ки дар ҳолати бехудона (аффект) содир кардани ҷиноят ба инобат гирифта шавад. Дар ҷараёни тафтишот айбдоршаванда пурра ба гуноҳи худ иқрор шуда, лекин дар мурофиаи судӣ бо ишораи аз хотир баровардани баъзе ҳолатҳо, худро қисман гунаҳкор шуморид, ҳарчанд ташхиси пеш аз суд ӯро пурра солим дониста буд.

Бобоҷон Ширинови 33-сола, собиқ котиби Суди олии иқтисодии Тоҷикистон, писари генерал Раҷабалӣ Ширинов, собиқ муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, моҳи июн ба гумони даст доштан дар куштори ҳамсараш боздошт шуд.

Шоми рӯзи 6 июн зимни муноқиаши рухдода ӯ ба ҳамсараш дарафтода, бо корд ба ӯ чанд зарба зад. Дар натиҷа ҳамсараш Моҳира Ятимова ҷароҳат бардошта, дар бемористон ба ҳалокат расид. Сабаби муноқиша байни ҳамсарони соли 2016 аз ҳамдигар ҷудошуда тақсими амвол ва кӯдакон унвон мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио