Шукурҷон Зуҳуров ба сенаторҳои рус нақши забони русиро дар Тоҷикистон шарҳ дод

Раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҳайати Шӯрои Федератсияи Маҷлиси федералии Федератсияи Русияро таҳти раҳбарии Михаил Козлов ва ҳамроҳони ӯ ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ,  зимни мулоқот Шукурҷон Зуҳуров изҳор намуд, ки дар Конститутсияи Тоҷикистон нақши забони русӣ дар ҷумҳурии мо дақиқан зикр шудааст. Раиси палатаи […]

Asia-Plus

Раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҳайати Шӯрои Федератсияи Маҷлиси федералии Федератсияи Русияро таҳти раҳбарии Михаил Козлов ва ҳамроҳони ӯ ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ,  зимни мулоқот Шукурҷон Зуҳуров изҳор намуд, ки дар Конститутсияи Тоҷикистон нақши забони русӣ дар ҷумҳурии мо дақиқан зикр шудааст.

Раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ хотиррасон намуд, ки дар Конститутсияи Тоҷикистон забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни қавму миллатҳо дарҷ гардида, зиёда аз ин он дар якчанд қонунҳо, аз ҷумла қонун “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” асоси қонуниро касб кардааст.

Шукурҷон Зуҳуров ҳамчунин қайд кард, ки дар қонун “Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон” имкониятҳои муроҷиат ба мақомоти давлатӣ ва гирифтани ҷавоб ба онҳо ба забонҳои давлатӣ ва русӣ ба назар гирифта шудааст.

“Дар реҷаи кории Маҷлиси намояндагон ҳолати пешниҳоди лоиҳаи қонунҳо бо ду забон мавҷуд мебошад, – изҳор дошт ӯ. – Дар Тоҷикистон забони русӣ дар баробари забони тоҷикӣ ҳамчун забони корӣ дар конференсияҳои байналмилалӣ ва илмиву амалӣ истифода мешавад”.

Бо қаноатмандӣ зикр шуд, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон омӯзиши забони русӣ аз синфи 2 оғоз мешавад.

Гуфта мешавад, роҳбари ҳайати сенаторони Русия Михаил Козлов изҳор намуд, ки  онҳо ҳамеша хостори таҳкими беш аз пеши муносибот бо парлумони Тоҷикистон буда, умед доранд, ки  сафарашон ба Тоҷикистон ба густариши минбаъдаи робитаҳои судманди ду кишвари дӯст дар тамоми заминаҳо такони ҷиддӣ мебахшад.

Ҳамчунин изҳори итминон шуд, ки Русия минбаъд низ омӯзгорони русро барои кор ба Тоҷикистон сафарбар намуда, ба сохтмони мактабҳои таҳсилоташон бо забони русӣ дар Тоҷикистон идома медиҳад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.