Шариф Раҳимзода: “Шеъру сурудхонӣ кофист. Ояндаи миллатро андеша мебояд кард”

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Раиси Кумитаи иқтисод ва молияи палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шариф Раҳимзода даъват мекунад, ки омӯзиши фанҳои гуманитарӣ дар кишвар каме маҳдуд шуда, ба илмҳои дақиқ ва техникӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир шавад.

“ Мо хеле саргарми фарҳанги худ мебошем, ки ба ин маънӣ дар навбати аввал адабиёту таърих фаҳмида мешавад. Сурудхонӣ карда, касеро, ки як-ду мисраъ шеър навишта тавонад, бузург мешуморем. Аммо замоне фаро расидааст, ки ҳар кадоме аз мо бояд ба рушди кишвар саҳм гузорем. Ба фанҳои дақиқ бояд бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоем”, – иброз дошт вакил зимни кори конфронси имрӯза дар Душанбе.

Шариф Раҳимзода қайд кард, ки як гурӯҳи муайяни одамоне ҳастанд, ки табиатан ба назму фалсафа майл доранд ва “бигзор ба он машғул бошанд”.

“Лекин мо бояд дар бораи ояндаи фарзандонамон андеша карда, онҳоро тарзе тарбияву ба воя расонем, ки оянда зиндагии шоистаи худро таъмин карда тавонанд. Мо бояд ба хубӣ сари андешае бошем, ки оянда миллати мо дар чӣ ҳолате қарор мегирад”, – таъкид дошт вакили парлумон.

Ба гуфтаи ӯ, имрӯз 70%-и рисолаҳои номзадӣ дар Тоҷикистон аз рӯи илмҳои гуманитарӣ ҳимоя мешаванд, аммо дар ҷаҳони муосир бояд баръакс бошад: ҳадди ақал 70%-ро бояд рисолаҳо аз рӯи илмҳои техникӣ ташкил диҳанд.

“Дар шароити ҷаҳонишавӣ, ки ҳар лаҳзае дар дунё технологияҳои нав ҷорӣ мешаванд, мо бояд омода бошем. Агар каме бепарвоӣ кунем, қафо монда, аз тамоилҳои умумиҷаҳонӣ фарсахҳо дур мемонем, ки ин барои кишвари мо хеле зиёновар аст. Мо бояд бештар ба масъалаҳое таваҷҷуҳ зоҳир кунем, ки рушди иқтисоди мо ба он вобаста аст”, – мегӯяд вакили мардумӣ.

Раҳимзода бо такя ба таҷрибаи умумиҷаҳонӣ ба “Азия-Плюс” изҳор намуд, ки айни замон дар дунё кишварҳое пешсафанд, ки замоне ба илмҳои дақиқ рӯ оварданд.

“Ман панҷ сол дар Аврупо зиндагӣ карда, бо зиёд одамоне вохӯрдам, ки ҳатто як-ду мисраъ шеъре намедонанд, лекин комёбу муваффақанд. Муқаддимаи суханронии мо дар ҳама гуна ҷорабинӣ бошад, аз шеър оғоз мегардад. Аврупоиҳо ба пеш рафта, мо хеле қафо мондаем”, – иброз дошт ӯ.

Раҳимзода мухолифи он нест, ки мардум шеъру асарҳои гузаштагони худро хонда, аз он ифтихор кунанд, лекин дар баробари ин, ба ақидаи ӯ, “тоҷикон фарзандони худро бояд ба омӯзиши фанҳои физика, кимиё, математика, биология ва дигар илмҳои табиӣ ташвиқу ҳидоят кунанд”.

Вакил зикр кард, ки аврупоиҳо дар мавриди ин масъала мақоли хубе доранд: “Муҳим нест, ки гузаштагони ту кистанд, муҳим оянда кӣ шудани фарзандонат аст” (Гирди номи падар чӣ мегардӣ, Падари хеш шав, агар мардӣ).

“Албатта, мо аз гузаштагони худ ифтихор дорем, лекин дар бораи ояндаи фарзандонамон низ бояд фикр кунем”, – афзуд вакил.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...