Ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар Душанбе

Дар шаҳри Душанбе аз 21 то 31 декабр ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия баргузор мегарданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, ярмаркаҳо дар асоси қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо мақсади фаровонии бозори истеъмолӣ ва ғанигардонии дастурхони сокинон меҳмонони пойтахт дар арафаи таҷлили «Соли нави мелодии 2019» ташкил карда мешаванд. Гуфта […]

Asia-Plus

Дар шаҳри Душанбе аз 21 то 31 декабр ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия баргузор мегарданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, ярмаркаҳо дар асоси қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо мақсади фаровонии бозори истеъмолӣ ва ғанигардонии дастурхони сокинон меҳмонони пойтахт дар арафаи таҷлили «Соли нави мелодии 2019» ташкил карда мешаванд.

Гуфта мешавад, кишоварзони вилояти Суғд дар КВД «Бозори Меҳргон»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кишоварзони шаҳри Ваҳдат, ноҳияҳои Лахш, Файзобод, Рашт, Нуробод, Тоҷикобод ва Сангвор дар бурриши кӯчаҳои Ҳусейнзода ва Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Шоҳмансур (назди Кумитаи сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон) махсулоти худро ба фурӯш мегузоранд.

“Кишоварзони шаҳрҳои Турсунзодаву Ҳисор ва ноҳияҳои Шаҳринаву Рӯдакӣ  дар майдончаи назди бозори «Қарияи боло»-и ноҳияи Сино ва кишоварзони вилояти Хатлон дар майдончаи назди КВД «Бозори Саховат»-и ноҳияи Фирдавсӣ маҳсулоти ниёзи аввалияро ба сокинону меҳмонони шаҳр бо нархҳои дастрас пешниҳод менамоянд”, – омадааст дар хабар.

Ҳамчунин зикр мегардад, ки дар ярмаркаҳо аз ҷониби Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ва Агентии захираҳои моддии давлатӣ маҳсулоти ниёзи аввалия пешкаш карда мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.