Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

Asia-Plus

АНОНС

– Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон фестивали “Рангоранг” ба кор шурӯъ мекунад, ки дар он наздики 60 нафар ҳунармандону косибон аз саросари кишвар иштирок мекунанд;

– Мунтахаби футзалистон (футболи хурд)-и Тоҷикистон ба машқҳои ҷисмонӣ ва назариявӣ оғоз мекунад Марҳилаи аввали тамринҳо дар майдонҳои эҳтиётии Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  9.4229 сомонӣ;

1 евро – 10.6875 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1414 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Рӯзи байнулмилалии муҳоҷирон.

2009 — Прокуратураи генералии Тоҷикистон нисбати се нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар урдӯгоҳҳои тамринӣ дар Вазиристони Покистон аз давраҳои омӯзишии махсуси диверсионӣ гузаштаанд, парвандаи ҷиноӣ боз намуд.

1923 – Зодрӯзи доктори улуми фарҳангшиносӣ, Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон, профессор Низом Нурҷонов.

1932-1995 – Мавлуди Шоири халқии Тоҷикистон Қутбӣ Киром.

1961 – Зодрӯзи сармушовири президент оид ба сиёсати хориҷӣ Зафар Сайидзода.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ боришот (борону барф), баъзан туман мефарояд.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +5+10; дар доманакӯҳҳо шабона -1-6, рӯзона +2+7.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан туман мефарояд.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +1+6, рӯзона +11+16; дар доманакӯҳҳо шабона -1+4, рӯзона +9+14.

Дар ВМКБ — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан боришоти начандон зиёд (борону барф).

Ҳарорат: дар ғарб шабона -2-7, рӯзона 0+5; дар шарқ шабона -18-23, рӯзона -5-10.

Дар НТМ  — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ боришот (борону барф).   

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +10+15; дар доманакӯҳҳо шабона -3+2, рӯзона +4+9.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +13+15.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона ва субҳ туман мефарояд.

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +7+9.

Дар шаҳри Бохтар — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +1+3, рӯзона +14+16.    

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона -3-5, рӯзона +1+3.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...