Караму бензин ва билетҳои ҳавопаймоӣ дар Тоҷикистон қимат шуданд

Дар зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 5,1%-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,4% баландтар аст. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, давоми моҳҳои январ-ноябри соли ҷорӣ нархи маҳсулоти хӯрокворӣ ба андозаи 4,8%, маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ – 5,5% ва хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ – 5,8% […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 5,1%-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,4% баландтар аст.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, давоми моҳҳои январ-ноябри соли ҷорӣ нархи маҳсулоти хӯрокворӣ ба андозаи 4,8%, маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ – 5,5% ва хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ – 5,8% боло рафтааст.

Нимсолаи дуюм ҷараёнҳои таваррумӣ тақвият ёфтанд: нимсолаи аввал мизони таваррум – ҳамагӣ 0,8% ва панҷ моҳи охир – 4,3%-ро ташкил дод.

Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки аз рӯи натиҷаҳои соли равон таваррумро дар сатҳи на бештар аз 7% нигоҳ дорад. Аз рӯи натиҷаҳои соли гузашта мизони таваррум дар Тоҷикистон 6,7%-ро ташкил дода буд.

Кадом маҳсулоту хизматрасониҳо моҳҳои январ-октябр аз ҳама бештар қимат шуданд?

Маҳсулоти хӯрокворӣ:

Карам – 2 баробар

Сабзӣ- 1,9 баробар

Маска – 31,5%

Биринҷ – 19,3%

Равғани пахта – 11,1%

Орди навъи якум – 10,3%

Маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ:

Бензин – 17,9%

Матои абрешим – 11,9%

Дастгоҳҳои маишӣ – 9,6%

Маҳсулоти дорусозӣ – 8,5%

Гази моеъ – 7,8%

Семент – 7,2%

Воситаҳои шустушӯ – 5,7%

Хизматрасониҳо:

Нақлиёти мусофирбари ҳавоӣ – 23,6%

Нерӯи барқ – 14,9%

Обтаъминкунӣ ва обу корез – 10,4%

Равуо дар нақлиёти ҷамъиятӣ – 1,9%

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.