Корбурди хеле ночизи кортҳои пардохтӣ дар Тоҷикистон барои хариди молу хизматгузорӣ

Кортҳои пардохтӣ дар Тоҷикистон то ҳол асосан барои гирифтани пули нақд ва хеле кам барои пардохти маблағи молу маҳсулот ва хизматгузориҳо истифода мешаванд. Бино ба маълумоти Бонки милии Тоҷикистон, вазни қиёсии ҳаҷми амалиётҳои ғайринақдӣ дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ  аз ҳаҷми умумии амалиётҳо бо истифодаи кортҳои пардохтӣ дар нӯҳмоҳи соли 2018  – 4,9%-ро ташкил дод. […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Кортҳои пардохтӣ дар Тоҷикистон то ҳол асосан барои гирифтани пули нақд ва хеле кам барои пардохти маблағи молу маҳсулот ва хизматгузориҳо истифода мешаванд.

Бино ба маълумоти Бонки милии Тоҷикистон, вазни қиёсии ҳаҷми амалиётҳои ғайринақдӣ дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ  аз ҳаҷми умумии амалиётҳо бо истифодаи кортҳои пардохтӣ дар нӯҳмоҳи соли 2018  – 4,9%-ро ташкил дод.

Гуфта мешавад, давоми 9 соли 2018 дорандагони кортҳои пардохтӣ дар Тоҷикистон ва берун аз он беш аз 15 ҳазор амалиёт анҷом додаанд, ки наздики 14,5 ҳазораш ба амалиёти гирифтани пули нақд ва ҳамагӣ 813 амалиёт ба пардохти маблағи молу маҳсулот тариқи корт рост меояд.

Дар маълумоти БМТ қайд мешавад, ки шумори умумии кортҳои пардохтӣ дар ҷумҳурӣ ба санаи 1 ноябри соли равон ҳудуди 1,8 млн. ададро ташкил дода, давоми 1 сол шумори онҳо 5,3% (беш аз 90,5 ҳазор адад) зиёд шудааст. Шумори дорандагони кортҳои пардохтӣ дар кишвар зиёдаз 1,7 млн. нафарро ташкил медиҳад.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳиссаи асосии кортҳои пардохтии дар ҷумҳурӣ ба муомилот баровардашуда ин кортҳои пардохтии БДА ҶТ “Амонатбонк” мебошанд, ки 81,3%-и ҳаҷми умумии кортҳои баровардашударо ташкил медиҳад.

Мушкил дар чист?

Дар сохторҳои марбутаи давлатӣ, аз ҷумла Бонки миллӣ, тамоили мазкурро ба сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ нисбат дода, қайд мекунанд, ки одамон то ҳол фоидаи пардохтҳои ғайрнақдиро дарк накардаанд.

Ба ақидаи коршиносон, баъди ба корт гузаштани маблағи музди меҳнату нафақа, аксарият кӯшиш мекунанд, ки ҳарчи зудтар онро ба пули нақд баргардонанд. Ин ҳолат ба бовар надоштан ё худ эътимоди кам ба низоми бонкӣ марбут дониста мешавад, зеро ҳарос дар он аст, ки ҳар лаҳза дастрасӣ ба воситаҳо маҳдуд шуда метавонад. Одамон бо ин ҳолатҳо чандин маротиба дучор шуда буданд.

Коршиносони дигар бар ин назаранд, ки барои гузаштан ба пардохтҳои ғайринақдӣ дар кишвар зербинои рушдёфта мавҷуд нест. Танҳо дар баъзе муассисаҳои савдо метавон бо корт маҳсулоти харидаро пардохт намуд, ки нарх дар онҳо нисбат ба фурӯшгоҳҳои маъмуливу оддӣ баландтар аст (масалан, дар бозорҳо). Бо назардошти ҳаҷми маошу нафақа дар Тоҷикистон, на ҳама имкон доранд, ки дар мағозаҳои POS-терминал насбшуда маҳсулот харидорӣ намоянд.

Илова бар ин, бар асари меъёрҳои амалкунандаи андоз, алҳол на ҳамаи нуқтаҳои фурӯш ба қабули пардохтҳои ғайринақдӣ манфиатдоранд.

Қобили зикр аст, ки то 1 апрели соли 2019 ҳамаи ташкилоту корхона ва муассисаҳое, ки хизматгузориҳои пулакӣ анҷом медиҳанд, бояд ҳатман қабули пардохтҳоро ба ҳамаи навъҳои хизматрасонӣ бо тартиби ғайринақдӣ тавассути воситаҳои электронии пардохт таъмин намоянд.

Дар қарори дахлдори санаи 30 ноябр қабулшудаи ҳукумат дар ин робита қайд мешавад, ки пардохтҳои ғайринақдӣ дар баробари ҳисоббаробаркуниҳои нақдӣ қабул карда мешаванд.

Санад бо мақсади рушди минбаъдаи низоми ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ва вусъат додани истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ ҳангоми ҳисоббаробаркуниҳо дар Тоҷикистон қабул шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио