Аввалин Соли нав ва арча дар Тоҷикистон

Asia-Plus

Имрӯз охирин рӯзи соли 2018 аст. Дар назар аст, ки имсол дар Тоҷикистон Соли навро бошукуҳ таҷлил намоянд. Дар маркази Тоҷикистон, майдони Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе арчаи солинавӣ бо баландии 27 метр қомат афрохтааст. Дар шаҳру ноҳияҳои дигар ҳам арчаи солинавӣ насб карда шуда, тамоми кишвар фазои идона касб кардааст ва сокинон барои таҷлили Соли нави мелодӣ омодагӣ мебинанд. Аммо кам касон огоҳанд, ки таҷлили Соли нав ва оростани арча расо 80 сол қабл расман иҷозат дода шуд ва аввалин маротиба соли 1938 дар Душанбе арча гузошта шуда, Соли нав бошукуҳ таҷлил гардид.

Соли нав ва арча дар рӯйхати сиёҳ

Солҳои аввали ташкилшавии Иттиҳоди Шӯравӣ натанҳо гузоштани арчаи солинавӣ дар майдонҳои марказии давлатҳо маъмул набуд, балки таҷлили Соли нав низ мамнуъ ҳисобида мешуд. Таҷлили Соли нав ва насби арча нишонаҳои ҷомеаи буржуазӣ дониста мешуд. Солҳои 1930-юм роҳбарияти Иттиҳоди Шӯравӣ арча ва Соли навро “қонунӣ” карданд, аммо аз ҳар гуна нишонаҳои динӣ “раҳо” намуданд.

15 сол пас аз ташкилшавии Иттиҳоди Шӯравӣ, роҳбарияти кишвар иҷоза доданд, ки ҷашни Соли нав таҷлил карда шавад ва соли 1937 аввалин маротиба дар шаҳри Маскав арчаи идона гузоштанд. Он арчаи табиии аз ҷангал овардашуда буд. Пас аз як сол дар пойтахти дигар давлатҳои аъзои иттиҳод низ арчаи солинавӣ насб гардид.

Аввалин арча дар Душанбе

Дар Душанбе ҳам аввалин арчаи солинавӣ соли 1938 гузошта шуд ва ҷашни Соли нав бо тантана таҷлил гардид. Аммо аз аввалин арчаи солинавии дар Тоҷикистони шӯравӣ гузошташуда аксе дастрас нест. Ҷустуҷӯи акси аввалин арчаи дар Душанбе гузошташуда аз матбуоти даврии он замон низ бенатиҷа буд. Газетаи марказии Тоҷикистон “Коммунист Таджикистана” он шабу рӯз акси арчаи солинавиро нашр накардааст. Аммо дар шумораҳое, ки нимаи дуюми моҳи декабри соли 1937 ва нимаи аввали моҳи январи соли 1938 нашр шудаанд, чанд эълони хурд дар бораи ба фурӯш гузошта шудани бозичаҳои солинавӣ ва як хабари хурди табрикотӣ нашр шудааст.

Душвории пайдо кардани арча

Пас аз иҷозаи расмии таҷлили Соли нави мелодӣ оростани арчаи солинавӣ барои сокинон низ ба ҳукми анъана даромад, лекин пайдо кардани арча хеле душвор буд. Он замон арчаи сунъӣ дар фурӯш набуд ва арчаи табиӣ оро дода мешуд. Пайдо кардани арчаи табиӣ ҳам хеле душвор буд, зеро он дар ҷойҳои махсус парвариш карда мешуд ва пас аз оро додан ба фурӯш мебаромад.

Солҳои 1960-ум арчаи сунъӣ ба фурӯш баромад ва мардум аз мушкили пайдо кардани арчаи солинавӣ раҳо шуданд. Арчаи сунъӣ он замон мисли имрӯз зебову рангоранг набуд ва масолеҳи ороишиаш ҳам якранг буд.

Соли нав ва арчаи солинавӣ пас аз 80 сол

Сол аз сол, таҷлили Соли нав ва оростани арча ба худ шукуҳи тоза касб мекард. Имруз, 80 сол пас аз иҷозаи расмии таҷлили Соли нав ва оростани арча, мардуми тоҷик ин ҷашнро ҳамчун ҷузъе аз фарҳанги худ қабул кардаасту таҷлил менамояд. Дар ин рӯз сокинони Тоҷикистон дастархони идона ороста, ба ҳамдигар туҳфаҳо тақдим мекунанд ва дар фазои хушҳоливу хурсандӣ бо соли куҳан хайрбод гуфта, соли навро пешвоз мегиранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳу панҷуми ин асари...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.