Toyota Camry-и ҷавони 17-сола ба Варзоб сарозер шуд. Ӯ сархуш буд

Дар километри 18-уми шоҳроҳи Душанбе – Чанок сокини 17-солаи шаҳри Душанбе дар ҳолати сархушӣ аз уҳдаи идораи автомашинаи тамғаи «Toyota Camry» набаромада, панҷараи канори роҳро мешиканад ва ба дарёи Варзоб сарозер мешавад. Автомашина ба дарё афтода дар ҷуқурии 1,5-2 метр меистад. То омадани наҷотбахшон он дар мобайни дарё қарор дошт. Наҷотбахшон ронанда ва ду мусофири […]

Дар километри 18-уми шоҳроҳи Душанбе – Чанок сокини 17-солаи шаҳри Душанбе дар ҳолати сархушӣ аз уҳдаи идораи автомашинаи тамғаи «Toyota Camry» набаромада, панҷараи канори роҳро мешиканад ва ба дарёи Варзоб сарозер мешавад.

Автомашина ба дарё афтода дар ҷуқурии 1,5-2 метр меистад. То омадани наҷотбахшон он дар мобайни дарё қарор дошт. Наҷотбахшон ронанда ва ду мусофири автомашинаро берун меоранд. Ҳеҷ касе аз онҳо осеби ҷиддӣ надида, танҳо каме тарсидаанд.

Сипас наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба воситаи кран ва ёрии ғаввос (водолаз) автомашинаро аз дарё берун оварда, ба ихтиёри мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурдаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон боисрор аз волидон дархост мекунад, ки кӯдаконашонро беназорат нагузоранд. Аз ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш мешавад, ки дар ҳолати сархушӣ аз нишастан сари чанбараки автомашина худдорӣ намоянд.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.