Мақомоти шаҳрдории Душанбе барои мактабҳо равоншинос меҷӯяд

Баҳманёр Нодиров, Asia-PLus

Раёсати маорифи шаҳри Душанбе эълон кард, ки барои мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ равоншиносони касбӣ меҷӯяд.

Дар мактабҳо барои чунин мутахассисон 30 ҷойи кории холӣ мавҷуд аст. Барои онҳо дар ҳаҷми 800-900 сомонӣ маош ваъда медиҳанд. Айни замон дар бисёре аз мактабҳо омӯзгорони оддӣ (бе маълумоти касбӣ) ба сифати равоншинос кор мекунанд.

Дар мақомоти шаҳрдорӣ қайд карданд, ки дар ҳар кадоме аз мактабҳо бояд аз рӯи басти воҳидҳои корӣ равоншинос фаъолият намояд, лекин бинобар сабаби норасоии кадрҳо, айни замон омӯзгорони оддӣ, асосан филологҳо ба ин кор машғуланд.

“Мо хостори бо равонишиносони касбӣ иваз кардани онҳо ҳастем. Аз ин рӯ, дар бораи эҳтиёҷ доштанамон ба онҳо эълон додем, – хабар дод ба “Азия-Плюс” дар ин робита сардори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе Маҳмадалии Азизӣ. – Ба ин вазифаҳо танҳо равоншиносони дорои маълумоти олӣ, хатмкардагони риштаҳои равоншиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва дигар мактабҳои олӣ ба кор қабул мешаванд”.

Дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” дар мавриди ин масъала изҳор намуданд, ки дар басти воҳидҳои корӣ (штат)-и ҳар кадоме аз мактабҳо бояд вазифаи равоншинос ҷой дошта бошад.

“Ин воҳиди корӣ бояд дар ҳамаи мактабҳо бошад, аммо мутаассифона, ин на дар ҳамаи мактабҳо ба мушоҳида мерасад. Шояд бо сабаби норасоии кадрҳо ё эҳтимол ба иллати маблағгузорӣ, зеро мактабҳо аз ҳисоби буҷетҳои маҳаллӣ маблағгузорӣ мешаванд ва дар баъзе шаҳру ноҳияҳо метавонанд ин воҳиди кориро хориҷ намоянд”, – хабар дод котиби матбуотии Вазорат Эҳсони Хушбахт.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар шаҳри Душанбе 102 мактаби миёнаи таҳсилоти умумӣ, 2 литсей, 2 гимназия барои кӯдакони лаёқатманд ва 4 мактаб-интернат фаъолият доранд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.