Мақомоти шаҳрдории Душанбе барои мактабҳо равоншинос меҷӯяд

Раёсати маорифи шаҳри Душанбе эълон кард, ки барои мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ равоншиносони касбӣ меҷӯяд. Дар мактабҳо барои чунин мутахассисон 30 ҷойи кории холӣ мавҷуд аст. Барои онҳо дар ҳаҷми 800-900 сомонӣ маош ваъда медиҳанд. Айни замон дар бисёре аз мактабҳо омӯзгорони оддӣ (бе маълумоти касбӣ) ба сифати равоншинос кор мекунанд. Дар мақомоти шаҳрдорӣ қайд […]

Раёсати маорифи шаҳри Душанбе эълон кард, ки барои мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ равоншиносони касбӣ меҷӯяд.

Дар мактабҳо барои чунин мутахассисон 30 ҷойи кории холӣ мавҷуд аст. Барои онҳо дар ҳаҷми 800-900 сомонӣ маош ваъда медиҳанд. Айни замон дар бисёре аз мактабҳо омӯзгорони оддӣ (бе маълумоти касбӣ) ба сифати равоншинос кор мекунанд.

Дар мақомоти шаҳрдорӣ қайд карданд, ки дар ҳар кадоме аз мактабҳо бояд аз рӯи басти воҳидҳои корӣ равоншинос фаъолият намояд, лекин бинобар сабаби норасоии кадрҳо, айни замон омӯзгорони оддӣ, асосан филологҳо ба ин кор машғуланд.

“Мо хостори бо равонишиносони касбӣ иваз кардани онҳо ҳастем. Аз ин рӯ, дар бораи эҳтиёҷ доштанамон ба онҳо эълон додем, – хабар дод ба “Азия-Плюс” дар ин робита сардори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе Маҳмадалии Азизӣ. – Ба ин вазифаҳо танҳо равоншиносони дорои маълумоти олӣ, хатмкардагони риштаҳои равоншиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва дигар мактабҳои олӣ ба кор қабул мешаванд”.

Дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” дар мавриди ин масъала изҳор намуданд, ки дар басти воҳидҳои корӣ (штат)-и ҳар кадоме аз мактабҳо бояд вазифаи равоншинос ҷой дошта бошад.

“Ин воҳиди корӣ бояд дар ҳамаи мактабҳо бошад, аммо мутаассифона, ин на дар ҳамаи мактабҳо ба мушоҳида мерасад. Шояд бо сабаби норасоии кадрҳо ё эҳтимол ба иллати маблағгузорӣ, зеро мактабҳо аз ҳисоби буҷетҳои маҳаллӣ маблағгузорӣ мешаванд ва дар баъзе шаҳру ноҳияҳо метавонанд ин воҳиди кориро хориҷ намоянд”, – хабар дод котиби матбуотии Вазорат Эҳсони Хушбахт.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар шаҳри Душанбе 102 мактаби миёнаи таҳсилоти умумӣ, 2 литсей, 2 гимназия барои кӯдакони лаёқатманд ва 4 мактаб-интернат фаъолият доранд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.