РМЗҶМ ВКД шаҳрвандонро ба ҳамкорӣ даъват мекунад

Asia-Plus

Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил (РМЗҶМ)-и ВКД Тоҷикистон шаҳрвандонро даъват мекунад, ки дар хабар додан ба мақомот доир ба ҷинояткориҳои марбут ба таҳсили ғайриқонунӣ дар муассисаҳои таълимии динӣ дар хориҷи кишвар, шахсони машғул ба сеҳру ҷодугарӣ, далелҳои хариду фурӯши одамон ва ғайра саҳмгузор бошанд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, Раёсати мазкур ҳамчунин ба дастрасии маълумот дар бораи муомилоти ғайриқонунии сангҳои қиматбаҳо, ҳуқуқвайронкунӣ дар соҳаи иттилоот, моликияти зеҳнӣ, молу маҳсулот ва дорувориҳои қалбакӣ ва пастсифат ва дигар ҷиноятҳо низ манфиатдор аст.

Гуфта мешавад, Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Тоҷикистон кафолати ҳимояи шахсӣ, ҳавасмандгардонӣ ва хабардор намудани муроҷиаткунандаро аз натиҷаи баррасии масъала таъмин мекунад.

“Шахсоне, ки дар бораи содир шудани чунин ҷиноятҳо маълумот доранд, ба таври фаврӣ метавонанд тариқи телефонҳои 227-07-07; 221-01-49, суроғаи электронӣ ([email protected]) ва шабакаҳои иҷтимоӣ низ муроҷиат намоянд. Рақами Раёсат дар Вайбер (Viber), Вотсап (WhatsApp), ИМО (IMO), Телеграмм (Telegrams) ва Вичат (WeChat): (+992) 93-444-00-66 аст”, – зикр мешавад дар маълумот.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...