РМЗҶМ ВКД шаҳрвандонро ба ҳамкорӣ даъват мекунад

Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил (РМЗҶМ)-и ВКД Тоҷикистон шаҳрвандонро даъват мекунад, ки дар хабар додан ба мақомот доир ба ҷинояткориҳои марбут ба таҳсили ғайриқонунӣ дар муассисаҳои таълимии динӣ дар хориҷи кишвар, шахсони машғул ба сеҳру ҷодугарӣ, далелҳои хариду фурӯши одамон ва ғайра саҳмгузор бошанд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, Раёсати мазкур ҳамчунин […]

Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил (РМЗҶМ)-и ВКД Тоҷикистон шаҳрвандонро даъват мекунад, ки дар хабар додан ба мақомот доир ба ҷинояткориҳои марбут ба таҳсили ғайриқонунӣ дар муассисаҳои таълимии динӣ дар хориҷи кишвар, шахсони машғул ба сеҳру ҷодугарӣ, далелҳои хариду фурӯши одамон ва ғайра саҳмгузор бошанд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, Раёсати мазкур ҳамчунин ба дастрасии маълумот дар бораи муомилоти ғайриқонунии сангҳои қиматбаҳо, ҳуқуқвайронкунӣ дар соҳаи иттилоот, моликияти зеҳнӣ, молу маҳсулот ва дорувориҳои қалбакӣ ва пастсифат ва дигар ҷиноятҳо низ манфиатдор аст.

Гуфта мешавад, Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Тоҷикистон кафолати ҳимояи шахсӣ, ҳавасмандгардонӣ ва хабардор намудани муроҷиаткунандаро аз натиҷаи баррасии масъала таъмин мекунад.

“Шахсоне, ки дар бораи содир шудани чунин ҷиноятҳо маълумот доранд, ба таври фаврӣ метавонанд тариқи телефонҳои 227-07-07; 221-01-49, суроғаи электронӣ ([email protected]) ва шабакаҳои иҷтимоӣ низ муроҷиат намоянд. Рақами Раёсат дар Вайбер (Viber), Вотсап (WhatsApp), ИМО (IMO), Телеграмм (Telegrams) ва Вичат (WeChat): (+992) 93-444-00-66 аст”, – зикр мешавад дар маълумот.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.