Ҷаримаи собиқ низомӣ барои робита бо хоини Ватан

Собиқ хизматчии ҳарбии воҳиди аграрии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон барои робита доштан бо хоини Ватан бо ҳукми суд 25 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Суди ҳарбии гарнизони Душанбе. Зодаи ноҳияи Ванҷи ВМКБ Қудратулло Завқови 24-сола ҳангоми хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон аз моҳи апрели соли 2016 то августи соли […]

Собиқ хизматчии ҳарбии воҳиди аграрии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон барои робита доштан бо хоини Ватан бо ҳукми суд 25 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Суди ҳарбии гарнизони Душанбе.

Зодаи ноҳияи Ванҷи ВМКБ Қудратулло Завқови 24-сола ҳангоми хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон аз моҳи апрели соли 2016 то августи соли 2017 тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ бо шаҳрванди Тоҷикистон Абдуҷаббор Сайдалов, ки дар сафҳои созмони террористии “Толибон” бевосита дар наздикии сарҳадии давлатии Афғонистон бо Тоҷикистон меҷангид, робита барқарор менамояд.

“Сайдалов дар Эрон таълими ҳарбӣ гирифта, дар сафҳои “Толибон” меҷангид. Завқов аз ин огаҳӣ дошт, лекин дар ин бора ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон хабар надод”, – қайд кард манбаъ дар суд.

Охири моҳи апрели соли гузашта зимни ғайриқонунӣ аз сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Афғонистон гузаштан, Сайдалиев аз ҷониби кормандони КДАМ Тоҷикистон боздошт шуда, моҳи августи соли 2018 бо қарори суд ба 20 соли зиндон маҳкум шуд.

Дар мурофиаи судӣ  ӯ иқрор мешавад, ки замони чангиданаш дар сафҳои “Толибон” бо Завқов робита дошта, ӯ аз бо чӣ кор машғул буданаш дар Афғонистон огаҳӣ дошт.

Суди ҳарбии гарнизони Душанбе бо назардошти ҷавонӣ ва софдилона иқрор шудан ба гуноҳаш Завқовро бо айбдорӣ мувофиқи моддаи 347 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Хабар надодан дар бораи ҷиноят ё пинҳон доштани он) дар ҳаҷми 25 ҳазор сомонӣ ҷарима баст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.