Агентии зиддифасод нисбати Муродалӣ Алимардон ҳеҷ даъвое надорад

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Сардори Раёсати тафтишоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикитсон Қутбиддин Сафарзода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, ки раиси “Агароинвестбонк” аз ҷониби муфаттишони Агентӣ аз рӯи далели додани қарз ба як соҳибкор дар ҳаҷми 22 млн. сомонӣ ба сифати шоҳид бозпурсӣ шудааст.

Бино ба гуфтаи ӯ, айни замон соҳибкори зикршуда қарзро дар ҳаҷми пурра ба бонк баргардонида, дигар нисбати ӯ низ ҳеҷ масъалае боқӣ намондааст.

Бо ин посух Сафарзода изҳороти охири моҳи июни соли гузашта баёнкардаи вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Саидҷаъфар Усмонзодаро дар бораи “рафтори номуносиб нисбати Муродалӣ Алимардон” шарҳ дод.

“Имрӯзҳо ӯро ба ситодҳо бурда, дағалона рафтор мекунанд ва ман мехоҳам, ки президенти Тоҷикистон инро донад», – изҳор дошта буд Исмонов.

Вакил зикр карда буд, ки «кормандони сохторҳои қудратӣ нисбати хизматчиёни бонкҳои дучори мушкилот – «Агроинвестбонк», «Тоҷиксодиротбонк» ва бонкҳои барҳамхӯрда – «Тоҷпромбонк» ва «Фононбнк» чун ба ҷинояткорон рафтор мекунанд».

Вакил бар ин назар аст, ки кормандони сохторҳои қудратӣ саҳми назарраси кормандони бахши бонкиро дар рушди кишвар нодида мегиранд.

«Онҳо намехоҳанд бифаҳманд, ки ба шахсиятҳое чун Муродалӣ Алимардон, ки дар саргаҳи роҳандозии фаъолияти бахши бонкӣ дар Тоҷикиситони соҳибистиқлол қарор доштанд, набояд чун ба ҷинояткор рафтор намуд», – таъкид дошта буд вакил.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...