Сироҷиддин Муҳриддин: Муносибатҳои Тоҷикистону Эрон каме мушкилӣ доранд

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин зимни нишасти матбуотии имрӯза изҳор дошт, ки баҳри рӯ ба беҳбудӣ овардани муносибатҳо бо Эрон Тоҷикистон ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ медиҳад. “Эрон аввалин давлатест, ки соли 1991 соҳибистиқлолии Тоҷикистонро эътироф намуда, соли 1992 сафоратхонаи худро боз намуд. Ҳеҷ кас робитаҳои чандинасраи таърихӣ ва фарҳангӣ байни кишварҳои моро инкор карда […]

Меҳрангез Турсунзода, Asia-Plus

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин зимни нишасти матбуотии имрӯза изҳор дошт, ки баҳри рӯ ба беҳбудӣ овардани муносибатҳо бо Эрон Тоҷикистон ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ медиҳад.

“Эрон аввалин давлатест, ки соли 1991 соҳибистиқлолии Тоҷикистонро эътироф намуда, соли 1992 сафоратхонаи худро боз намуд. Ҳеҷ кас робитаҳои чандинасраи таърихӣ ва фарҳангӣ байни кишварҳои моро инкор карда наметавонад. То рӯйдодҳои 4 сентябри соли 2015 мунсибатҳо миёни кишварҳо хуб буд”, – қайд кард вазир ва ошӯби собиқ генерали Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Абдуҳалим Назаровро хотиррасон намуд.

Бино ба гуфтаи ӯ, сабаби аслии ба сардӣ гароидани муносибатҳо байни Тоҷикистону Эрон воқеаҳои санаи 4 сентябр шуморида шуда, онҳо нишон доданд, ки “бархе аз сохторҳои иқтисодӣ ва молиявии Эрон аз Ҳизби наҳзати исломӣ пуштибонӣ менамоянд, ки он дар навбати худ ошӯби генерали Вазорати мудофиаро дастгирӣ кард”.

“Ин масъаларо бо Эрон баррасӣ дорем, лекин то ҳол ин мушкил роҳи ҳалли худро пайдо накардааст. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки мушкилот байни Тоҷикистону Эрон танҳо дар масоили сиёсӣ ҷой доранд. Аммо инро мушкилоти бузург наметавон номид. Дар масоили иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мо мушкилот надорем”, – қайд кард Муҳриддин.

Ба сифати далел дар масъалаи хуб будани муносибатҳо дар ин самтҳо вазир илова намуд, ки айни замон ширкатҳои эронӣ дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун иштирок доранд.

“Мо бо Эрон лоиҳаҳоимуштаркаки зиёд дорем, аз ҷумла нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-2, нақби Истиқлол ва ғайра”, – зикр кард вазир.

Ба ҷуз ошӯби зикршуда, ба бад шудани муносибатҳо байни Тоҷикистону Эрон иштироки раиси Ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ дар конфронси сатҳи баланд дар Эрон моҳи декабри соли 2015 низ боис гардид.

Пас аз ин муносибатҳои дипломатӣ бо Эрон боз бештар бад шуда, намояндагии Эрон дар Хуҷанд фаъолияташро қатъ намуд. Ҳамчунин чанде аз соҳибкорони эронӣ ба тиҷорати худ дар Тоҷикистон хотима бахшиданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио