“Барқи тоҷик” коҳиши содироти барқро ба Афғонистон шарҳ дод

Коҳиши ҳаҷми содироти нерӯи барқро ба Афғонистон аз Тоҷикистон дар соли гузашта ширкати “Барқи тоҷик” ба садама дар хати интиқоли барқи пайвасткунандаи ҳарду кишвар нисбат медиҳад. “Сабаби аслии кам шудани ҳаҷми содироти барқ ба Афғонистон дар соли гузашта дар он ифода меёбад, ки дар хати интиқоли барқи 220кВ “Тоҷикистон-Афғонистон” садама рух дод”, – хабар доданд […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Коҳиши ҳаҷми содироти нерӯи барқро ба Афғонистон аз Тоҷикистон дар соли гузашта ширкати “Барқи тоҷик” ба садама дар хати интиқоли барқи пайвасткунандаи ҳарду кишвар нисбат медиҳад.

“Сабаби аслии кам шудани ҳаҷми содироти барқ ба Афғонистон дар соли гузашта дар он ифода меёбад, ки дар хати интиқоли барқи 220кВ “Тоҷикистон-Афғонистон” садама рух дод”, – хабар доданд ба “Азия-Плюс” дар ширкат.

Дар “Барқи тоҷик” қайд карданд, ки нисбат ба соли 2017 дар соли 2018 ҳаҷми содироти барқ ба Афғонистон қариб ба миқдори 384 млн. кВт/соат коҳиш ёфтааст.

Соли 2017 аз Тоҷикистон ба Афғонистон дар ҳаҷми беш аз 1,3 млрд. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода шуда, соли гузашта то ба 1,5 млрд. кВт/соат расонидани он ба нақша гирифта шуда буд.

Бо вуҷуди ин, таъкид мекунанд дар ширкат, соли гузашта дар маҷмӯъ ҳаҷми содироти нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба беш аз 1,1 млрд. кВт/соат афзудааст.

Афзоиши ҳаҷми содирот аз ҳисоби оғози интиқоли барқ ба Ӯзбекистон аз моҳи апрели соли гузашта ба даст омадааст. Соли гузашта ба ин кишвари ҳамсоя аз Тоҷикистон наздики 1,4 млрд. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода шудааст.

Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, соли 2018 ба хориҷи кишвар аз Тоҷикистон ба маблағи умумии наздики 77 млн. доллар зиёда аз 2,4 млрд. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода шудааст.

Қобили зикр аст, ки соли гузашта 1 кВт/соат нерӯи барқи Тоҷикистон барои Афғонистон – 4,11 сент ва барои Ӯзбекистон – 2 сент нарх дошт.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио