Наздики 100 нафар кӯдакони тоҷик дар зиндонҳои Ироқ қарор доранд

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин изҳор намуд, ки имрӯз 43 нафар занон ва 92 нафар кӯдакони тоҷик дар зиндонҳои Ироқ қарор доранд. Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ давоми соли охир ба корҳои ба ватан овардани тоҷикистониёне, ки қурбони ҷанг шуданд, машғул аст, изҳор дошт имрӯз Сироҷидиддин Муҳриддин ба журналистон. “Дар доираи ин ташаббусҳо Тоҷикистон дар […]

Меҳрангез Турсунзода, махсус барои Asia-Plus

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин изҳор намуд, ки имрӯз 43 нафар занон ва 92 нафар кӯдакони тоҷик дар зиндонҳои Ироқ қарор доранд.

Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ давоми соли охир ба корҳои ба ватан овардани тоҷикистониёне, ки қурбони ҷанг шуданд, машғул аст, изҳор дошт имрӯз Сироҷидиддин Муҳриддин ба журналистон.

“Дар доираи ин ташаббусҳо Тоҷикистон дар Ироқ сафири худро таъин намуд. Бо ёрии созмонҳои байнулмилалӣ, аз қабили Салиби Сурх ва UNISEF мо муайян кардем, ки 43 нафар занон ва 92 нафар шаҳрвандони ноболиғи Тоҷикистон дар зиндонҳои Ироқ қарор доранд”, – қайд кард вазир.

Бино ба гуфтаи ӯ, мувофиқи қонунгузории Ироқ, барои ба ватан овардани кӯдакон иҷозаи волидони ӯ ҷиҳати ба хориҷи кишвар бурдани онҳо зарур аст.

“Айни замон барои аз Ирқ баровардани танҳо 75 нафар кӯдакон иҷоза дорем. Ба ҷуз розигии волидон, боз дар мурофиаи судӣ ғолиб омадан ва пардохти 2500 доллар боҷ лозим аст. Барои Тоҷикистон ин арзишро то 400 доллар поин оварданд”, – гуфт ӯ. – Пул дарёфт кардем, то ки кӯдакони тоҷикистониро ба ватан баргардонем, ин мушкил нест. Мушкили аслӣ дар он аст, ки модарон барои ба ватан бурдани кӯдаконашон розигӣ диҳанд”.

Дар робита ба занони тоҷик вазир иброз дошт, ки қарор дар бораи ба ватан овардани онҳо танҳо аз ҷониби суд қабул мешавад: дар ҳолате, ки агар гуноҳи занон исбот нашуда бошад, онҳо ба ихтиёри ҳукумати Тоҷикистон супурда мешаванд.

“Мо ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ҳамаи шаҳрвандони кишвар, бахусус кӯдаконро ба ватан баргардонем”, – зикр кард вазир.

Ёдрас мекунем, ки охири моҳи апрели соли сипаришуда Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон чор нафар кӯдакони тоҷикро аз Ироқ ба ватан баргардонид. Миёни онҳо Абдуллои 9-сола, Фотимаи 7-сола ва Муҳаммади 3-сола ҳузур доштанд, ки дар паноҳгоҳе дар Ироқ қарор доштанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.