КҲФ: рӯзҳои наздик боришоти бошиддат дар назар аст

Рӯзҳои наздик дар Тоҷикистон обуҳавои номусоиду ноустувор боқӣ монда, дар баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ  бориши бошиддати борону барф дар назар аст. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ, имрӯз, 13-уми феврал дар ноҳияҳои алоҳида шамол  аз самти ғарб бо шиддати то 15-20м/с  мевазад. Рӯзҳои […]

Asia-Plus

Рӯзҳои наздик дар Тоҷикистон обуҳавои номусоиду ноустувор боқӣ монда, дар баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ  бориши бошиддати борону барф дар назар аст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ, имрӯз, 13-уми феврал дар ноҳияҳои алоҳида шамол  аз самти ғарб бо шиддати то 15-20м/с  мевазад.

Рӯзҳои 12-16 феврал дар ноҳияҳои кӯҳии НТМ, нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор (Душанбе-Хуҷанд) ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ (Душанбе-Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим, Хоруғ-Мурғоб, Хоруғ-Ғунд) хатари лағзиши тарма меафзояд.

Гуфта мешавад, дар  робита ба ин Кумита ба самъи аҳолӣ ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки дар ин рӯзҳо то ҳадди имкон аз сафарҳои безарурат  аз тариқи роҳҳои кӯҳӣ худдорӣ намоянд.

Зикр мегардад, ки ба сокинони доманакӯҳҳо ва рустоҳои наздикӯҳии кишвар тавсия дода мешавад, ки дар ин гуна рӯзҳои пурбориш ва хатарзо рафтан ба чарогоҳҳо, шикоргоҳҳо, ғунучини ҳезум, молчаронӣ ва моҳидорӣ маслиҳат нест.

Ба ронандагон ҳушдор дода мешавад, ки дар сафар бояд ҳама қоидаҳои бехатариро риоя намоянд, зеро риояи қоидаҳои бехатарӣ таъмини амнияти онҳо ва ҳамсафаронашон аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.