Суғд: Бузургтарин дар минтақа корхонаи ресандагии “Ангубин” дубора ба фаъолият оғоз намуд

Asia-Plus

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода охири ҳафтаи сипаришуда ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, ба фаъолияти корхонаи ресандагии ҶДММ «Ангубин» (собиқ «Олимтекстайл) ҳусни оғоз бахшид.

Дар маълумоти хадамоти матбуоти раиси вилоят зикр мешавад, ки, ки бо мавҷуд будани мушкилоти иқтисодӣ корхонаи мазкур давоми беш аз 1,5 сол аз фаъолият бозмонда буд ва бо дастуру раҳнамоӣ ва дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти вилояту ноҳия ба фаъолият оғоз намуд.

Гуфта мешавад, раиси вилоят ба ҷараёни фаъолияти корхона аз наздик шинос шуда, бобати кори пурсамари он дар соли равон ба масъулини соҳа ва роҳбарияти корхонадастуру супоришҳо дод.

Раҷаббой Аҳмадзода дар сӯҳбат бо мутахассисону коргарон аз таваҷҷуҳи роҳбарияти Ҳукумати мамлакат ба соҳаи саноат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ба кор андохтани иқтидорҳои мавҷуда изҳори назар карда, гуфт, ки бо ибтикори Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон саноатикунонии мамлакат ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардида, дар ин замина баъди аз фаъолият бозмондан ба кор шурӯъ намудани корхонаи мазкур ба рушди соҳаи саноат дар ноҳия, ба кор таъмин шудани занҳои маҳаллӣ ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум мусоидат хоҳад кард.

Чуноне муовини директори корхона Шариф Неъматов иттилоъ дод, корхона имкон дорад, дар як сол 6 ҳазор тонна нахи пахтаро коркард намуда, 10 намуд ресмон истеҳсол намояд.

“Алҳол дар навбати аввал 420 нафар коргарон, ки асосан сокинони ноҳияи Мастчоҳ мебошанд, ба ҷойи корӣ ва музди меҳнати арзанда таъмин гардида, дар ду баст фаъолият менамоянд. Ояндаи наздик ният дорем, ки корро дар се баст ба роҳ монем”, – гуфт муовини аввали роҳбари корхона.

Зимнан зикр мегардад, ки корхона бо таҷҳизоти муосири олмонӣ муҷаҳҳаз буда, яке аз беҳтарин корхонаҳои истеҳсолӣ дар самти истеҳсоли ришта дар вилоят мебошад. Барои фаъолияти якрӯзинаи коргоҳ 20 – 25 тонна нахи пахта зарур аст ва алҳол ашёи хом барои истеҳсоли ришта захира карда шудааст. Ашёи хом ба коргоҳ аз хоҷагиҳои кишоварзии вилоят, ҳамзамон аз вилояти Хатлон ворид шуда истодааст.

Раиси вилоят ба раванди истеҳсолот шиносоӣ пайдо намуда, ҳини сӯбат бо коргарон таъкид дошт, ки корхона бояд бо иқтидори пуррааш фаъолият намояд, зеро дар корхонаҳамаи шароиту имкониятҳо барои истеҳсоли маҳсулоти босифат муҳайёст.

Ҳамзамон, Раиси вилоят ба масъулин дастур дод, ки дар коргоҳ истеҳсоли маҳсулоти тайёр, ҳам барои таъмини бозори дохилӣ ва ҳам барои содирот роҳандозӣ гардад.

– Алҳол ба маҳсулоти пахтагӣ дар бозори ҷаҳонӣ талабот зиёд аст. Аз тарафи дигар, бо ифтитоҳи гузаргоҳҳои сарҳадӣ бо Ӯзбекистон корхона метавонад, маҳсулоти худро ба ин кишвари дӯст ва ҳамсоя низ ба фурӯш барорад, – таъкид дошт Раҷаббой Аҳмадзода.

Чуноне иттилоъ доданд, маҳсулоти корхона, яъне риштаро аллакай яке аз коргоҳҳои истеҳсолии вилоят – «Ноҳид» – и шаҳри Истаравшан харидорӣ намуда истодааст.

Раиси вилоят зимни боздид ҳамзамон, ба роҳбарияти ноҳия бобати парвариш ва рӯёнидани бештари ҳосили пахта, таъминоти саривақтии хоҷагиҳои кишоварзӣ бо оби полезӣ, эътибор ба сифати чигити тухмӣ ва дастгирии соҳибкорону кишоварзон дастуру супоришҳо дод.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...