Ду тоҷикистонӣ барои омодагӣ ба анҷоми ҳамлаҳои террористӣ дар Маскав 15-солӣ маҳкум шуданд

Додгоҳи ҳавзаи низомии Маскав ду зодаи Тоҷикистон – Бахтиёр Маҳмудов ва Зафархон Раҳматовро бо ҷурми омодагӣ ба анҷоми ҳамлаҳои террористӣ дар Маскав 15-солӣ маҳкум ба зиндони низомаш шадид кард. Шарики онҳо Руслан Баширов, ки низ аз Тоҷикистон будааст, қаблан ба 11 соли зиндон маҳкум шуд. Бино ба иттилои сомонаи расонаи мустақили “Ахбор”, айбдоркунанда дар додгоҳ […]

Akhbor.com

Додгоҳи ҳавзаи низомии Маскав ду зодаи Тоҷикистон – Бахтиёр Маҳмудов ва Зафархон Раҳматовро бо ҷурми омодагӣ ба анҷоми ҳамлаҳои террористӣ дар Маскав 15-солӣ маҳкум ба зиндони низомаш шадид кард. Шарики онҳо Руслан Баширов, ки низ аз Тоҷикистон будааст, қаблан ба 11 соли зиндон маҳкум шуд.

Бино ба иттилои сомонаи расонаи мустақили “Ахбор”, айбдоркунанда дар додгоҳ гуфтааст, Руслан Баширов мебоист рӯзи 12 декабри соли 2017 маркази савдои «Эделвейс»-ро дар шаҳри Балашихаи вилояти Маскав метарконд ва ба дунбол дуи дигар бояд қатори электричкаро дар байни истгоҳҳои «Шелепиха» ва«Площадь Гагарина» мунфаҷир мекарданд.  Баъди таркондани қатор ҳамлагон қасд доштаанд, ки болои издиҳом граната партофта, мардумро аз ду автомати Калашников бипарронанд.

"Додгоҳ Маҳмудов Бахтиёр ва Раҳматов Зафархонро гунаҳкор шинохта, онҳоро ба 15 соли зиндони низомаш шадид маҳкум мекунад,” – чунин буд ҳукми додраси додгоҳи ҳавзаи низомии Маскав, ки рӯзи 11 феврал нисбат ба ин ду зодаи Тоҷикистон эълон шуд. Ин ҳукм ҳанӯз қувваи иҷро нагирифтааст ва маҳкумшудаҳо метавонанд дар зарфи 10 рӯз аз он шикоят баранд.

Гуфта мешавад, айбдоркунандаи давлатӣ дар додгоҳ гуфт, Бахтиёр Маҳмудов ва Зафархон Раҳматов, ҳамчунин шарики онҳо Руслан Баширов ҳанӯз соли 2015 ба сафи созмони террористии ДОИШ пайваста, мехостанд бо амри ин созмон дар Маскав ду ҳамлаи террористӣ анҷом диҳанд.

Маҳмудов ва Раҳматов ба гуноҳи худ эътироф кардаанд ва додгоҳ онҳоро дар омодагӣ ба анҷоми ҳамлаҳои террористӣ, мусоидат ба фаъолияти террористӣ, ҳифзи ғайриқонунии силоҳ ва маводи тарканда, тайёр кардани маводи тарканда гунаҳкор шинохт.

Зикр мегардад, ки айбдоркунандаи давлатӣ қаблан аз додгоҳ барои ин ду нафар 17 сол ҳукми зиндон хоста буд.

Руслан Баширов, Бахтиёр Маҳмудов ва Зафархон Раҳматов аз ҷониби ФСБ Русия рӯзи 11 декабри соли 2017, ҳамагӣ як рӯз қабл аз ҳамлаҳои террористӣ дастгир шуданд. Ҳангоми боздошт, ба гуфтаи мақомот, аз ин се нафар ду автомат, чандин детонатору норинҷак (граната) ва ҳамчунин маводи тарканда ёфт ва мусодира шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.