Тафтиши парвандаи Ҷамшед Зиёев дар Прокуратураи генералӣ дар арафаи анҷомёбист

Date:

Тафтиши парвандаи собиқ раиси “Тоҷпромбон” Ҷамшед Зиёев дар Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар арафаи анҷомёбӣ буда, рӯзҳои наздик ҷиҳати баррасӣ ба суд фиристода мешавад.

Парвандаи Ҷамшед Зиёев аз рӯи чор моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон – 245 (Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ), 247 (Қаллобӣ), 340 (Сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ,  штамп,муҳр ва бланкаҳои қалбакӣ) ва 295 (Суиистифодаи ваколат аз ҷониби кормандони ташкилотҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳо) мавриди тафтиш қарор гирифтааст.

Агар суд гуноҳи собиқ раиси “Тоҷпромбонк”-ро аз рӯи ҳамаи моддаҳои пешниҳодшуда тасдиқ намояд, ба ӯ то 12 соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад.

Қаблан зикр шуда буд, ки замони роҳбарӣ ба «Тоҷпромбонк» Ҷамшед Зиёев воситаҳои ҷалбшудаи амонатгузоронро ба равнақи тиҷорати худаш равона мекардааст. Инро гӯё бо роҳи ба номи хешовандону наздиконаш ба расмият даровардани қарзҳо амалӣ мекардааст.

Қобили зикр аст, ки иҷозатномаи «Тоҷпромбонк» охири моҳи феврали соли 2017 бозхонд шуда, аввали моҳи марти соли гузашта Суди иқтисодии Душанбе дар бораи оғози барҳамдиҳии муассиса қарор содир намуд.

Бино ба маълумоти охир, айни замон 2070 шахсони ҳуқуқиву воқеӣ ба «Тоҷпромбонк» ба маблағи умумии 266 млн. сомонӣ қарздоранд. Амволи бонк дар маҷмӯъ 450 млн. сомонӣ нархгузорӣ шудааст. Ҳаҷми умумии уҳдадориҳои бонк наздики 550 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Дар бораи “қазияи” Зиёев чӣ маълум аст?

Адвокат Солеҳҷон Ҷӯраев қаблан ба “Азия-Плюс” дар ин робита изҳор намуда буд, ки Зиёев ба воситаи фиреб амонатҳои саҳмгузоронро бо мақсадҳои шахсӣ истифода ё азхуд кардааст. Ӯ дар Душанбеву Ҳисор, Варзоб ва дигар минтақаҳои Тоҷикитсон барои худ ва хешону наздиконаш манзилу тарабхона ва корхонаҳои гуногун сохтааст.

Тавре Ҷӯраев зирк карда буд, ӯ дар мавзеи пурнуфузи “Рублёвка”-и шаҳри Маскав низ ба маблағи умумии 3 млн. доллар манзилҳои гаронарзиш харидорӣ намудааст.

Бино ба гуфтаи ӯ, тибқи маълумоти Прокуратураи генералӣ, ба Зиёев дар азхудкунии воситаҳои амонатгузорон ба маблағи 40 млн. сомонӣ айбнома пешниҳод шудааст.

Тибқи маълумоти адвокат, Зиёев ба корхонаҳои фаръӣ ва ширкатҳое, ки таҳти роҳбарии хешовандони наздикаш қарор доштанд, миллионҳо қарз медод. Ӯ ба “Азия-Плюс” номгӯи онҳоро пешниҳод кард:

1. ҶДММ «ТПБ АКВА» ба маблағи 60, 78 млн. сомонӣ.

2. ҶДММ «ТПБ-ПЭТ» – 34, 16 млн.

3. ҶДММ «Даҳбед-Д»  – 2, 5 млн.

4. ҶДММ «Даҳбед-Д» – 2 ба маблағи 16,78 млн.

5. ҶДММ «Даҳбед-М» – 2, 02 млн.;

6. ҶДММ «ТПБ АВТО» ба маблағи 6, 08 млн.

Маблағи умумии қарз ба “худиҳо” 122,31 млн. сомониро ташкил додааст ва ин ҳам бидуни назардошти пардохти фоизҳо, ки тақрибан ба 77,28 млн. сомонӣ баробар аст.

Ба гуфтаи адвокат, ширкатҳои даромаднок («ТПБ АКВА», «ТПБ-ПЭТ») ва дигар амволи серхаридори бонкро Зиёев бо нархҳои хеле паст ба наздикони худ – писараш Азиз ва додарарӯсаш Олег Сайдинов фурӯхтааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...