Парлумон ифтитоҳи гузаргоҳи навро дар марз бо Ӯзбекистон маъқул шуморид

Гузаргоҳи “Боботоғ” Ҳисори Тоҷикистонро бо Узуни Ӯзбекистон пайваст намуда, тариқи он танҳо шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон ва ҳамчунин воситаҳои нақлиёти мутааллиқ ба ҳарду давлат равуо карда метавонанд. Дар бораи кушодани гузаргоҳи гнав дар сарҳади кишварҳо зимни сафари давлатиии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Тошканд моҳи августи соли гузашта ва гуфтушуниди ӯ бо президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев […]

Гузаргоҳи “Боботоғ” Ҳисори Тоҷикистонро бо Узуни Ӯзбекистон пайваст намуда, тариқи он танҳо шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон ва ҳамчунин воситаҳои нақлиёти мутааллиқ ба ҳарду давлат равуо карда метавонанд.

Дар бораи кушодани гузаргоҳи гнав дар сарҳади кишварҳо зимни сафари давлатиии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Тошканд моҳи августи соли гузашта ва гуфтушуниди ӯ бо президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев тавофуқ ҳосил шуда буд.

Дар ин бора имрӯз зимни чаласаи платаи поёнии парлумон фармондеҳи Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ хабар дод.

Бино ба гуфтаи ӯ, ифтитоҳи гузаргоҳи нав ба рушди бештар устувори муносибатҳои дӯстона байни аҳолии минтақаҳои наздимарзии Тоҷикистону Ӯзбекистон мусоидат намуда, навбатпойиҳоро дар дигар гузаргоҳҳои сарҳад кам мекунанд.

Пас аз суханронии Раҷабалӣ Раҳмоналӣ вакилони парлумон созишномаи байниҳукуматии дахлдорро дар ин хуус байниТоҷикистону Ӯзбекисто якдилона тасдиқ карданд.

Мутобиқи Созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон аз соли 2002, дар сарҳади давлатҳо 16 гузаргоҳ амал мекард, ки 9-тоаш мақоми байнулмилалӣ ва 7-тои боқимонда мақоми дуҷониба дошт.

Аксари гузаргоҳҳо нимаи солҳои 2000-ум дар натиҷаи ба сардӣ гароидани муносибатҳои дуҷониба баста шуда, то аввали соли гузашта танҳо дутоаш – яке дар самти Турсунзода – Сариосиё ва дигаре дар самти Бӯстон – Бекобод фаъолият мекарданд.

Моҳи марти соли гузашта пеш аз сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Душанбе ҳамаи 16 гузаргоҳҳои сарҳадии байни давлатҳо пурра ба фаъолият оғоз намуданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.