Ҳамлаи гургон ба одамон дар Бадахшон. Сокинон шикори гургро оғоз кардаанд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гургҳое, ки дар як моҳи охир рӯзона ба одамон ҳамла кардаанд, безарар гардонида мешаванд. Аз ҳамлаи гургон асосан кӯдакон зарар дидаанд.

Моҳи январи соли равон, рӯзона гургон ба кӯдаки 5-солае аз деҳаи Даштак, воқеъ дар 9 – километраи маркази ВМКБ – шаҳри Хоруғ ҳамла кардаанд. Кӯдакро наҷод дода ба беморхонаи вилоятӣ интиқол додаанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як сокини маҳаллӣ иттилоъ дод.

Пас аз чанд муддат гургон ба корманди милисаи 30-сола, ки шабонгаҳ аз хонааш берун баромадааст, ҳуҷум кардаанд. Ӯро низ ҳамсоягон аз чанголи гург халос кардаанд. Ин воқеа низ дар деҳаи Даштаки ноҳияи Шуғнон рух додааст.

Чанд рӯз пештар гургҳо ба кӯдаки 6-сола аз деҳаи Сипинз ҳамла намудаанд.  Наздикони кӯдак тавонистанд кӯдакро аз чанголи гург наҷод диҳанд ва ӯ ҳоло бо ҷароҳатҳои гуногун дар беморхона қарор дорад.

Вобаста ба ин ҳолат, мақомоти интизомии маҳаллӣ якҷо бо шикорчиён амалиёти безараргардонии ин даррандагони ваҳширо роҳандозӣ намудаанд. Сокинони маҳаллӣ шумораи онҳоро беш аз 10-то мегӯянд.

Чанде пеш шикорчиён 3 гургро безарар гардониданд ва ду гурги дигар бо ҷароҳатҳо фирор кардаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".