Афғонистон. Афзоиши теъдоди сокинони осоиштаи қурбоншуда дар соли 2018

Теъдоди қурбониёни ҷанги чандинсола дар Афғонистон афзоиш меёбад. Бибар маълумоти Дафтари СММ соли гузашта дар ин кишвар 3804 нафар, аз ҷумла 927 кӯдак кушта шудаанд. Онҳо қурбонии амалиётҳои гуруҳҳои мусаллаҳ ва неруҳои ҳукуматӣ шудаанд, гуфта шудааст дар сомонаи СММ. Бибар маълумоти СММ теъдоди сокинони Афғонистон, ки соли 2018 кушта шудаанд, нисбат ба соли 2017 11 […]

admin

Теъдоди қурбониёни ҷанги чандинсола дар Афғонистон афзоиш меёбад. Бибар маълумоти Дафтари СММ соли гузашта дар ин кишвар 3804 нафар, аз ҷумла 927 кӯдак кушта шудаанд. Онҳо қурбонии амалиётҳои гуруҳҳои мусаллаҳ ва неруҳои ҳукуматӣ шудаанд, гуфта шудааст дар сомонаи СММ.

Бибар маълумоти СММ теъдоди сокинони Афғонистон, ки соли 2018 кушта шудаанд, нисбат ба соли 2017 11 дарсад бештар аст. Соли гузашта дар ин кишвар 3804 нафар, аз ҷумла 927 кӯдак кушта шудаанд. Теъдоди ҷароҳатбардоштагон бошад 5 дарсад афзоиш ёфта, ба 7 189 нафар баробар шудааст.

“Маълумотҳои ҳисоботӣ, ки мӯшикофона санҷида шудаанд, ҳолати фалокатборро нишон медиҳанд”,- иброз намуд роҳбари Дафтари СММ оид ба ҳамкорӣ бо Афғонистон, намояндаи вежаи Котиботи генералӣ Тадамичи Ямамото. Ӯ чунин ранҷ кашидани мардуми Афғонистонро ғайри қобили таҳаммул донист.

Дар ҳисоботи Дафтари СММ гуфта мешавад, ки аз се ду ҳиссаи нафарони зарардида, қурбонии гуруҳҳои силоҳбадаст, аз ҷумла Толибон ва ДИИШ гаштаанд. Инчунин, сокинони осоишта аз амалиётҳои неруҳои ҳукуматӣ ва эътилофи ҷонибдорӣ онҳо низ ранҷ мебаранд.

СММ сабаби афзоиши теъдоди қурбониён ва ҷароҳатбардоштагонро дар зиёд гардидани амалиётҳои террористӣ ва ҳамчунин, бомбборони ҳавоӣ ва амалиётҳои иктишофии неруҳои ҳукуматӣ маънидод кардааст.

“Низоъ дар Афғонистон ҷони сокинони осоиштаи зиёдро гирифта, ба равони мардуми Афғонистон таъсири манфӣ мегузорад”,-гуфт Комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон Мишел Бачелет.

“Оне, ки имсол шумори рекордии кӯдакон қурбон шудаанд, маро ба ҳайрат овард”,-илова намуд Бачалет ва ёдовар шуд, ки дар натиҷаи ҳамла ба мактаб ва муассисаҳои тиббӣ ҳазорҳо нафар кӯдакон барои як умр маъюб шудаанд.

Муддати 10 соли охир дар Афғонистон беш аз 32 ҳазор нафар сокини осоишта кушта шуда, наздики 60 ҳазор нафар ҷароҳат бардоштаанд.

“Вақти поён додан ба ин фоҷеа расидааст”,-зикр намуд Ямамичи Тадомото. – Роҳи ягонаи ҳимояи сокинони осоишта – қатъи амалиётҳои ҷангӣ, илова намуд ӯ ва даъват кард, ки барои пойдории сулҳ дар ин кишвар тамоми кӯшишҳо ба харҷ дода шавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин ноҳияро барои латукӯб кардан ва бо тахтачӯб задани ҳамсараш, ки бо марги зан анҷомидааст, ба...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.