Ҳамлаи гургон ба одамон дар Бадахшон. Сокинон шикори гургро оғоз кардаанд

Дар ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гургҳое, ки дар як моҳи охир рӯзона ба одамон ҳамла кардаанд, безарар гардонида мешаванд. Аз ҳамлаи гургон асосан кӯдакон зарар дидаанд. Моҳи январи соли равон, рӯзона гургон ба кӯдаки 5-солае аз деҳаи Даштак, воқеъ дар 9 – километраи маркази ВМКБ – шаҳри Хоруғ ҳамла кардаанд. Кӯдакро наҷод дода […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гургҳое, ки дар як моҳи охир рӯзона ба одамон ҳамла кардаанд, безарар гардонида мешаванд. Аз ҳамлаи гургон асосан кӯдакон зарар дидаанд.

Моҳи январи соли равон, рӯзона гургон ба кӯдаки 5-солае аз деҳаи Даштак, воқеъ дар 9 – километраи маркази ВМКБ – шаҳри Хоруғ ҳамла кардаанд. Кӯдакро наҷод дода ба беморхонаи вилоятӣ интиқол додаанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як сокини маҳаллӣ иттилоъ дод.

Пас аз чанд муддат гургон ба корманди милисаи 30-сола, ки шабонгаҳ аз хонааш берун баромадааст, ҳуҷум кардаанд. Ӯро низ ҳамсоягон аз чанголи гург халос кардаанд. Ин воқеа низ дар деҳаи Даштаки ноҳияи Шуғнон рух додааст.

Чанд рӯз пештар гургҳо ба кӯдаки 6-сола аз деҳаи Сипинз ҳамла намудаанд.  Наздикони кӯдак тавонистанд кӯдакро аз чанголи гург наҷод диҳанд ва ӯ ҳоло бо ҷароҳатҳои гуногун дар беморхона қарор дорад.

Вобаста ба ин ҳолат, мақомоти интизомии маҳаллӣ якҷо бо шикорчиён амалиёти безараргардонии ин даррандагони ваҳширо роҳандозӣ намудаанд. Сокинони маҳаллӣ шумораи онҳоро беш аз 10-то мегӯянд.

Чанде пеш шикорчиён 3 гургро безарар гардониданд ва ду гурги дигар бо ҷароҳатҳо фирор кардаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.