Дар Айнӣ чор наврас зери яхпора монда, ҳалок шуданд

Asia-Plus

Дар деҳаи Оби Канапои ноҳияи Айнии вилояти Суғд чор навраси аз 14 то 16-сола зери яхпораи обанбор монда, ба ҳалокат расиданд.

Фоҷеае, ки бар асари он наврасон ба ҳалокат расиданд, рӯзи 23 феврал, тахминан соатҳои 18 рух додааст.

Ҷасади наврасоне, ки аз сардӣ ба ҳалокат расидаанд, пас аз чанд соат аз зери об берун оварда шуд. Тавре аз вазорати корҳои дохилӣ ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ҷасади фавтидагон рӯзи якшанбе ба хок супорида шудааст.

Обанборе, ки наврасон дар он ҳалок шудаанд, 6 метр чуқурӣ дошта рӯйи он ях баста будааст. Ҳангоме, ки наврасон дар рӯйи ях бозӣ мекарданд, он шикастааст ва онҳо зери об рафтаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.