Қатъи ҳаракати нақлиёт дар яке аз чорроҳаҳои Душанбе барои 10 рӯз

Ҳаракати нақлиёт дар чорроҳаи кӯчаи Карамов дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе (наздикии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон) то 5-уми март қатъ карда мешавад. Дар ин бора аз маркази матбуоти мақомоти шаҳрдорӣ иттилоъ доданд. Раиси шаҳри Душанбе ба мақомоти дахлдори пойтахт супориш додааст, ки то ба охир расидани корҳои сохтмонӣ дар чорроҳаи мазкур, ҳаракати нақлиёт, махсусан нақлиёти ҷамъиятӣ […]

Ҳаракати нақлиёт дар чорроҳаи кӯчаи Карамов дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе (наздикии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон) то 5-уми март қатъ карда мешавад. Дар ин бора аз маркази матбуоти мақомоти шаҳрдорӣ иттилоъ доданд.

Раиси шаҳри Душанбе ба мақомоти дахлдори пойтахт супориш додааст, ки то ба охир расидани корҳои сохтмонӣ дар чорроҳаи мазкур, ҳаракати нақлиёт, махсусан нақлиёти ҷамъиятӣ тариқи роҳҳои дигар таъмин карда шавад.

Тибқи супориши раиси шаҳр, мақомоти шаҳрдорӣ вазифадор шудаанд, ки дар минтақаи мазкур ҳаракати мунтазами нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ, милиса ва хадамоти оташнишониро таъмин намоянд.

Шуъбаи БДА-и Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе вазифадор карда шудааст, ки ҳаракати нақлиётро тариқи роҳҳои дигар роҳандозӣ намуда, амнияти шаҳрвандон ва ҳаракати мошинҳо дар роҳҳоро таъмин кунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.