Футболбозони навраси Тоҷикистон дар Перу бозӣ намекунанд

Комиссияи Федератсияи футболи ҷаҳон (ФИФА) ба хулосае омад, ки макони баргузории мусобиқоти ҷоми ҷаҳон оид ба футбол байни футболбозони то 17 – соларо тағйир диҳад. Дар ин маврид хадамоти матбуоти федератсияи мазкур иттилоъ медиҳад. Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол байни футболбозони то 17 – сола бояд дар давлати Перу баргузор мегардид, аммо пас аз дидори […]

Комиссияи Федератсияи футболи ҷаҳон (ФИФА) ба хулосае омад, ки макони баргузории мусобиқоти ҷоми ҷаҳон оид ба футбол байни футболбозони то 17 – соларо тағйир диҳад. Дар ин маврид хадамоти матбуоти федератсияи мазкур иттилоъ медиҳад.

Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол байни футболбозони то 17 – сола бояд дар давлати Перу баргузор мегардид, аммо пас аз дидори намояндагони ФИФА аз ин давлат ва мулоқот бо намояндагони Федератсияи футболи Перу, мушкили зиёди вобаста ба корҳои омодагӣ ошкор гардид.

“ФИФА ба хулосае омад, ки макони баргузории ҷоми ҷаҳонро тағйир диҳад, он дар Перу баргузор намегардад. ФИФА ба Федератсияи футболи Перу ва мақомоти ин кишвар барои кӯшиш ва талоши омода кардани шароит изҳори сипос менамояд. Рӯзҳои наздик ФИФА макони алтернативии баргузории ҷоми ҷаҳонро мушаххас менамояд”,-омодааст дар варақаи иттилотии созмон.

Қарори дар Перу баргузор намудани ҷоми ҷаҳон оид ба футбол моҳи марти соли 2018 гирифта шуд. Он замон дар қатори Перу, инчунин Руанда низ даъвогари баргузории ҷоми ҷаҳон дар қаламрави худ буд, ки дар ниҳоят бинобар ҷой доштани мушкилот дар ин кишвар, дархости он рад гардид. Мусобиқоти мазкур бояд аз 5 то 27 октябри соли 2019 баргузор гардад.

Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол (U-17) зери роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар Ҷоми Осиё – 2018 мақоми дуюмро соҳиб гардид ва ба Ҷоми ҷаҳон – 2019 роҳхат гирифт.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.