Сарбози афсарро кушта 10 сол зиндонӣ шуд

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Сарбози Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и Тоҷикистон Мансур Наврӯзов барои куштори лейтенант Муносиб Олимбеков ба 10 соли зиндон маҳкум гардид. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз прокуратураи ҳарбии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ҳукми суди ҳарбии гарнизони Хоруғ 25 феврал содир гардид. Марзбон барои куштори лейтенант Муносиб Олимбеков ва кӯшиши убури ғайриқонунии марзи Тоҷикистону Афғонистон гунаҳкор дониста шуд.

Ҳодисае, ки бо куштори афсар анҷом ёфт, 7 декабри соли гузашта дар дидбонгоҳи марзии наздики шаҳри Хоруғ рух додааст. Лейтинант Муносиб Олимбеков, муовини сардори дидбонгоҳи марзӣ, аз захми чанд тири парондаи сарбози 19-сола Наврӯзов ба ҳалокат расид.

Сарбоз Мансур Наврӯзов дар ҷараёни мурофиаи судӣ гуфтааст, ки муноқиша байни ӯ ва афсар барои телефони мобилӣ сар задааст.

«Лейтенант Олимбеков телефони дастии маро гирифта ба рӯям шаллоқ зад. Ман ба ғазаб омада, ӯро парронидам», – гуфт сарбоз.

Пас аз куштори афсар, Наврӯзов кӯшиши убури ғайриқонунии сарҳади Афғонистонро кардааст, аммо ҳамхизматҳояш ӯро барои бозгашт ба дидбонгоҳ моил кардаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 56

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари “Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...