Сарбози афсарро кушта 10 сол зиндонӣ шуд

Сарбози Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и Тоҷикистон Мансур Наврӯзов барои куштори лейтенант Муносиб Олимбеков ба 10 соли зиндон маҳкум гардид. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз прокуратураи ҳарбии Тоҷикистон иттилоъ доданд. Ҳукми суди ҳарбии гарнизони Хоруғ 25 феврал содир гардид. Марзбон барои куштори лейтенант Муносиб Олимбеков ва кӯшиши убури ғайриқонунии марзи Тоҷикистону Афғонистон гунаҳкор дониста шуд. Ҳодисае, […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Сарбози Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и Тоҷикистон Мансур Наврӯзов барои куштори лейтенант Муносиб Олимбеков ба 10 соли зиндон маҳкум гардид. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз прокуратураи ҳарбии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ҳукми суди ҳарбии гарнизони Хоруғ 25 феврал содир гардид. Марзбон барои куштори лейтенант Муносиб Олимбеков ва кӯшиши убури ғайриқонунии марзи Тоҷикистону Афғонистон гунаҳкор дониста шуд.

Ҳодисае, ки бо куштори афсар анҷом ёфт, 7 декабри соли гузашта дар дидбонгоҳи марзии наздики шаҳри Хоруғ рух додааст. Лейтинант Муносиб Олимбеков, муовини сардори дидбонгоҳи марзӣ, аз захми чанд тири парондаи сарбози 19-сола Наврӯзов ба ҳалокат расид.

Сарбоз Мансур Наврӯзов дар ҷараёни мурофиаи судӣ гуфтааст, ки муноқиша байни ӯ ва афсар барои телефони мобилӣ сар задааст.

«Лейтенант Олимбеков телефони дастии маро гирифта ба рӯям шаллоқ зад. Ман ба ғазаб омада, ӯро парронидам», – гуфт сарбоз.

Пас аз куштори афсар, Наврӯзов кӯшиши убури ғайриқонунии сарҳади Афғонистонро кардааст, аммо ҳамхизматҳояш ӯро барои бозгашт ба дидбонгоҳ моил кардаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.