Ноҳияҳои Шоҳмансур ва Мурғоб беҳтарин дастархонороӣ Тоҷикистон

Дар озмуни дастархонороӣ беҳтарин, ки бо супориши Президент Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, ноҳияҳои Шоҳмансури Душанбе ва Мурғоби ВМКБ мақоми аввалро соҳиб шуданд, хабар медиҳад маркази матбуоти Кумитаи дини Тоҷикистон. Мақомоти иҷроияи ноҳияҳои ғолибгардида ғайр аз диплом, ҳамчунин 10 ҳазор сомонӣ туҳфа гирифтанд. Мақоми дуюмро ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Шаҳринав ишғол карданд ва соҳиби 5 ҳазор […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар озмуни дастархонороӣ беҳтарин, ки бо супориши Президент Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, ноҳияҳои Шоҳмансури Душанбе ва Мурғоби ВМКБ мақоми аввалро соҳиб шуданд, хабар медиҳад маркази матбуоти Кумитаи дини Тоҷикистон.

Мақомоти иҷроияи ноҳияҳои ғолибгардида ғайр аз диплом, ҳамчунин 10 ҳазор сомонӣ туҳфа гирифтанд.

Мақоми дуюмро ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Шаҳринав ишғол карданд ва соҳиби 5 ҳазор сомонӣ туҳфа шуданд. Мақомои сеюм насиби шаҳри Бохтар, ноҳияҳои Варзоб ва Рашт гардид, ки онҳо 3 ҳазор сомонӣ туҳфа гирифтанд.

“Ҳакамони озмун ҳангоми баҳогузорӣ ба зебогии дастархони ороста, хӯрокҳои миллии дар он гузошташуда ва риояи одатҳои миллӣ таваҷҷуҳ карданд”,- гуфта мешавад дар иттилои паҳннамудаи Кумитаи мазкур.

Ёдовар мешавем, ки охири соли гузашта Президент Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии дастархонороӣ фармон содир намуд. Ҳадафи баргузории озмуни мазкур тарғиби арзишҳои миллии тоҷикон, хӯрокҳои тоҷикӣ гуфта мешавад.

Ташкилкунандагони ин озмун Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Тоҷикистон ва мақомотҳои иҷроияи маҳаллӣ мебошанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.