Сохтмончиёни осебдидаи масҷиди Душанбе: “Аввал ба зинаи поёнӣ афтодем ва ин ҷони моро харид”

Asia-Plus

Ҳоло дар Маркази миллии тиббии Тоҷикистон (Беморхонаи Қараболо) 8 нафар коргарони масҷиди Душанбе, ки аз болои зинапоя афтода, ҷароҳатҳои гуногун бардошта буданд, бистарӣ гардидаанд.

Се нафар коргари ҷароҳатҳои нисбатан сабук бардошта, дар бинои 4-уми Маркази миллии тиббӣ бистарӣ шудаанд. Онҳо худро хуб ҳис мекунанд ва вақте мо ба аёдати онҳо рафтем, бо пайвандонашон суҳбат доштанд.

Саидато Саидаброров, яке аз ҷароҳатбардоштагон гуфт, ки дар ин ҳодиса пояш осеб дидааст, аммо ҳоло худро хуб эҳсос мекунад.

– Ҳодиса пагоҳӣ рух дод. Мисли ҳарвақта, корро оғоз кардем, тариқи зинапояҳо ба боло, ба гунбаз баромадем. Ҳодиса дар як лаҳза рух дод ва ман нафаҳмидам, ки чӣ гуна зинапоя шикасту мо ба замин афтодем.

Саидато Саидаброров мегӯяд, ки зинапоя чанд метр баландӣ дошт, дақиқ дар хотир надорад. Ӯ ҳамчунин, ба суоли он ки “ҳангоми рух додани ҳодиса, оё камарбанди муҳофизатӣ доштанд ё не”, посухи мушаххас нагуфт.

Раҳматшо Исломов, коргари дигаре, ки низ ҷароҳати нисбатан сабук бардоштааст, гуфт, ки зинапоя тақрибан 30 – 35 метр баландӣ дошт.

– Вақте зинапоя шикаст, мо аввал ба зинапояи поёнӣ афтодем ва баъдан ба замин. Фикр мекунам, аз ин сабаб, ҷароҳатҳои нисбатан сабук бардоштем,-гуфт ӯ.

Баракатулло Саъдуллоев, нафари сеюми ҷароҳатбардошта, шаби гузашта ҷарроҳӣ шудааст ва аз ин сабаб, имкони сӯҳбат бо ӯ даст надод.

Ҷӯрабег Саидов, духтури осебшинос, ки ин се нафар зери назорати ӯ қарор доранд, зимни суҳбат бо “Азия – Плюс” гуфт, ки аҳволи беморон хуб ва муътадил аст.

– Беморон табобатро пурра гирифта истодаанд, зери назорат қарор доранд ва аҳволашон ҳам хуб аст,-иброз дошт Ҷӯрабег Саидов.

Дар ҳамин ҳол, пайвондони ин беморон гуфтанд, ки ин субҳ Саидмукаррам Абдулқодирзода, муфтии кишвар ба аёдати онҳо омадааст.

Ду коргари дигар, ки ҷароҳати вазнин бардоштаанд, дар шуъбаи эҳёгарӣ қарор доранд. Дар мавриди вазъи саломатии онҳо маълумоти дақиқ дастрас карда нашуд.

Се нафари дигар бошад, дар шуъбаи ҷарроҳии асаб бистарӣ карда шудаанд. Як нафар духтури ин шуъба гуфт, ки вазъи ин се нафар нисбатан хуб аст, аммо ба ҳар ҳол зери назорат қарор доранд.

Коргари нӯҳум, ки осеби сабук бардошта буд, дирӯз, пас аз муоина ба хона ҷавоб дода шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".