Ду нишони тиллои муштзанҳои тоҷик дар Бишкек

Дар мусобиқаи байналмилалӣ, ки ба хотираи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Дуйшонқул Шопоқов, санаи 20 – 24 феврал дар Бишкек баргузор гардид, дастаи Тоҷикистон сазовори 4 медал, аз ҷумла 2 медали тилло гардид. Шоира Зулқайнарова дар вазни 64 кг миёни бонувон, пас аз ғалаба бар намояндаи Тайланд С. Судапарн ва Баҳодур Усмонов дар вазни 63 кг миёни […]

Сайфиддин Караев, Asia-Plus

Дар мусобиқаи байналмилалӣ, ки ба хотираи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Дуйшонқул Шопоқов, санаи 20 – 24 феврал дар Бишкек баргузор гардид, дастаи Тоҷикистон сазовори 4 медал, аз ҷумла 2 медали тилло гардид.

Шоира Зулқайнарова дар вазни 64 кг миёни бонувон, пас аз ғалаба бар намояндаи Тайланд С. Судапарн ва Баҳодур Усмонов дар вазни 63 кг миёни мардҳо, пас аз пирӯзӣ бар варзишгари Белорус Дмитрий Асанов нишони тилло ба даст оварданд.

Идимоҳ Холова дар вазни 69 кг миёни бонувон дар марҳилаи ниҳоӣ аз Шаҳноза Юнусоваи узбекистонӣ мағлуб шуда, соҳиби медали нуқра гардид.

Сиёвуш Зуҳуров, писари раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Бег Зуҳуров дар вазни + 91 кг миёни мардҳо соҳиби медали биринҷӣ шуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд, дар ин мусобиқа аз Тоҷикистон 10 варзишгар иштирок намуд.

Дар ин мусобиқа наздики 200 варзишгар аз кишварҳои Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Русия, Тайланд ва Тоҷикистон барои 13 маҷмӯи медалҳо мубориза бурданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.