Чин ба бахши коркарди нахи пахтаи Тоҷикистон 300 млн. доллар маблағгузорӣ мекунад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Корпоратсияи давлатии China Machinery Industry Construction Group Inc-и Чин ба ҷалби 300 млн. доллар ҷиҳати рушди корхонаҳои коркарди нахи пахтаи Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Санаи 5 март вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода ҳайати соҳибкорони Чинро таҳти роҳбарии Ху Син, менеҷер оид ба масъалаҳои тиҷоратии Ширкати Чайна Машинари Индастри Констракшн Групп Инк ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорат, корпоратсияи Чин ба корхонаи «Сино Тоҷикистон Кӯлоб Текстайл Индастри Парк» ҷиҳати ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ барои рушди коркарди нахи пахта мусоидат менамояд. Ин корхона дар қаламрави минтақаи озоди иқтисодии тозатаъсиси “Кӯлоб воқеъ аст.

Гуфта мешавад, сармоягузорӣ ба ин корхона дар ду марҳила сурат гирифта, дар марҳилаи аввал 130 млн. ва дар марҳилаи баъдӣ – 170 млн. доллар маблағгузорӣ анҷом дода мешавад.

Дар корхонаи мазкур дар маҷмӯъ фароҳам сохтани 5,5 ҳазор ҷойҳои корӣ, аз ҷумла 3 ҳазору 750 ҷойҳои кории мустақим пешбинӣ гардида, дар як сол коркарди тахминан 3,5 ҳазор тонна нахи пахта дар назар аст.

Ёдрас мекунем, ки охири моҳи феврали соли гузашта ҳукумати Тоҷикистон дар бораи таъсиси минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” қарор қабул кард. Аз соли 2008 дар ҷумҳурӣ 4 минтақаи озоди иқтисодӣ – «Суғд», «Данғара», «Панҷ» ва «Ишкошим» амал мекунанд.

Ширкати China Machinery Industry Construction Group Inc моҳи сентябри соли 1953 таъсис дода шуда, яке аз корпоратсияҳои бузургтарини сохтмонии Чин ба шумор меравад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...