Рустами Эмомалӣ мушкилоти бахши тандурустӣ ва нақлиёти ҷамъиятиро баррасӣ карданист

Иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум 15 марти соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, дар рӯзномаи иҷлосия баррасии масоили марбут ба амалисозии барномаҳои давлатӣ дар бахши тандурустӣ дар қаламрави шаҳр дар назар аст. Ҳамчунин дар иҷлосия ҳисоботи муовини раиси […]

Asia-Plus

Иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум 15 марти соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, дар рӯзномаи иҷлосия баррасии масоили марбут ба амалисозии барномаҳои давлатӣ дар бахши тандурустӣ дар қаламрави шаҳр дар назар аст.

Ҳамчунин дар иҷлосия ҳисоботи муовини раиси масъул ба масъалаҳои рушди кори нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳр шунида мешавад.

Аз вакилони маҷлис дархост шудааст, ки дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор намуда, аз натиҷаи онҳо ба гурӯҳи корӣ оид ба такмил додани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия пешниҳодҳои мушаххасро манзур намоянд.

Ғайр аз ин, дар иҷлосия масъалаи пеш аз муҳлат қатъ шудани ваколатҳои ду вакили Маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе аз ҳавзаҳои интихоботии №12 Комилҷон Ҳомидов ва №38 Гулчеҳра Убайдуллоева низ баррасӣ мешавад.

Ваколатҳои Ҳомидов, собиқ мудири кафедраи “Сохмтони саноатӣ ва шаҳрсозӣ”-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бинобар сабабаи даргузашти бемаҳалаш ва ваколатҳои Гулчеҳра Убайдуллоева, собиқ соҳибкори хусусӣ, раиси маҳаллаи 82-ми пойтахт бо сабаби ба кишвари дигар кӯчидан барои иқомати доимӣ қатъ мешавад.

Қобили зикр аст, ки дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе таҳти раёсати раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ 70 нафар вакилони мардумӣ фаъолият доранд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.