Зинаи 103-юми Тоҷикистон дар рейтинги ҷаҳонии нархи интернети мобилӣ

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Аз рӯи арзиши интернет байни 230 кишвари саросари дунё Тоҷикистон зинаи 103-юм ва миёни кишварҳои узви ИДМ як зина болотар аз мақоми охирро ишғол мекунад. Дар ин бора дар таҳқиқоти Worldwide mobile data pricing оид ба арзиши хизматгузории интиқоли маълумот хабар дода шудааст.

Бар асоси маълумоти моҳи ноябри соли 2018 муҳаққиқон бо назардошти 4,84 доллар нарх доштани як гигабайт интернет дар ҷумҳурӣ, Тоҷикистонро дар зинаи 103-юм ҷой додаанд.

Байни кишварҳои узви ИДМ Қирғизистон зинаи дуюм (0,27 доллар), Қазоқистон мақоми сеюм (0,49 доллар), Украина – чорум (0,51 доллар) ва Русия ҷойи 14-ум (0,91 доллар барои 1 ГБ)-ро касб кардаанд.

“Туркманистон ягона кишвари ИДМ аст, ки интернеташ гаронтарин дар ҷаҳон буда, ба ҳисоби миёна 19,81 доллар барои 1 гигабайтро ташкил медиҳад”, – қайд мекунанд муаллифони гузориш.

Ёдрас мекунем, ки Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон бо дастури худ аз операторони мобилӣ талаб намуд, ки нархи 1 Мб Интернетро дар ҳаҷми на камтар аз 5 дирам муқаррар кунанд. Айни замон агар як гигабайти интернет дар операторони Тоҷикистон тақрибан 30-35 сомонӣ нарх дошта бошад, пас аз 27 март арзиши он бе назардошти андозҳои ғайримустақим на камтар аз 51 сомониро ташкил хоҳад дод. Бо назардошти андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) – 18% ва аксиз – 5% арзиши он на камтар аз 62 сомонӣ (6,6 доллар) мешавад.

Эҳтимол меравад, ки аз моҳи апрел нархи миёнаи интернет дар Тоҷикистон 6,6 долларро ташкил хоҳад дод. Бо чунин нарх дар рейтинги мазкур мақоми Тоҷикистон то зинаи 138-ум поин рафта, баъди Венгрия (6,57 доллар) ва Британия (6,66 доллар) ҷойгир мешавад.

Барои муқоиса, интернети нисбатан гаронтарин дар чунин кишварҳо ба қайд гирифта шудааст: Зимбабве (нархи миёнаи интернети мобилӣ 75 доллар барои гигабайт), Юнон (қариб 33), Чад (23), Швейтсария (беш аз 20), Туркманистон (қариб 19,81), Гренландия (наздики 17), Мозамбик (наздики 16), Португалия (14), Норвегия (13).

Қобили зикр аст, ки дар рейтинги навшудаи Speedtest Global Index (маълумоти моҳи январи соли 2019) аз рӯи суръати интернет Тоҷикистон дар зинаи охир қарор гирифт. Аз рӯи суръати интернети мобилӣ муаллифони рейтинг Тоҷикистонро пас аз Афғонистон (зинаи 136-ум) дар мақоми 137-ум гузоштанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...