Тасдиқи созишномаи пешниҳоди имтиёзҳо ба корхонаи “Амирӣ” дар парлумон

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз созишномаи сармоягузории моҳи январ баимзорасидаро байни ҳукумати ҷумҳурӣ ва корхонаи “Фабрикаи қаннодии Амирӣ” дар бораи таҷдиду тавсеъаи иқтидорҳои амалкунанда, ҳамчунин сохтмон ва ба истифода додани корхонаҳои нав тасдиқ намуд. Мувофиқи санади баимзорасида, корхонаҳои нав маснӯоти қаннодӣ, оҳар (нишоста, крахмал), шираи оҳар ва маҳсулот ордӣ истеҳсол хоҳанд кард. Барои амалисозии созишнома […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз созишномаи сармоягузории моҳи январ баимзорасидаро байни ҳукумати ҷумҳурӣ ва корхонаи “Фабрикаи қаннодии Амирӣ” дар бораи таҷдиду тавсеъаи иқтидорҳои амалкунанда, ҳамчунин сохтмон ва ба истифода додани корхонаҳои нав тасдиқ намуд.

Мувофиқи санади баимзорасида, корхонаҳои нав маснӯоти қаннодӣ, оҳар (нишоста, крахмал), шираи оҳар ва маҳсулот ордӣ истеҳсол хоҳанд кард.

Барои амалисозии созишнома корхона ният дорад, ки беш аз 23 млн. доллар маблағ ҷудо кунад, изҳор дошт директори генералии ҶДММ “Амирӣ” Акмал Ҳомидов.

Бар асоси созишномаи имзошуда, корхонаи амалкунандаи истеҳсоли маснӯоти қаннодӣ ва корхонаҳои наве, ки сохта мешаванд, ба муддати 10 сол аз пардохти андозу боҷҳои зерин озод карда мешаванд: андоз аз фоида, андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) ва боҷҳои гумрукӣ зимни воридоти таҷҳизот, молу маҳсулот ва ашёи хом барои коркард.

Таҷдид ва тақвияти иқтидорҳои амалкунандаи корхонаи “Амирӣ” ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани корхонаҳои нав дар назди он муддати 8 сол амалӣ мешаванд. Аз ҷумла ҷудо кардани 6,5 млн. доллар барои сохтмони корхонаҳо ва 16,5 млн. доллар барои бо таҷҳизоти техникӣ таъмин кардани онҳо пешбинӣ шудааст.

Бино ба гуфтаи раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ Фаррух Ҳамрализода, пас аз мавриди истифода қарор гирифтани корхонаҳои нав, ширкат ҳамасола на камтар аз 27 ҳазор тонна маснӯоти қаннодӣ, 8 ҳазор тонна оҳар ва шираи оҳар, 12,6 ҳазор тонна маҳсулоти ордӣ истеҳсол мекунад.

Ҳамрализода қайд кард, ки айни замон ҳамасола ба маблағи 60 млн. доллар аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон маснӯоти қаннодӣ ворид шуда, оҳар (крахмал) бошад, умуман дар кишвар истеҳсол намешавад.

Зимни суханронӣ доир ба ин масъала вакили парлумон Дилрабо Мансурӣ изҳор дошт, ки дар лоиҳаи мазкур бори нахуст дар Тоҷикистон тиҷорати хусусӣ ба бунёди иншоооти саноатӣ ҳамроҳ мешавад.

Корхонаи “Фабрикаи қаннодии Амирӣ” дар ҷамоати Россияи ноҳияи Рӯдакӣ, қитъаи Қӯштеппа воқеъ аст. Маросими расмии ифтитоҳи он 5 сентябри соли 2011 доир гардид. Дар корхона навъҳои гуногуни шоколаду конфет ва беш аз 20 намуди карамел истеҳсол мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио