Ҳалокати 2 зан дар Помир бар асари ҳамлаи гургон

Лилия Гайсина, Asia-Plus

Ду сокини деҳаи Миденшори ҷамоати Поршневи ноҳияи Шуғнони ВМКБ – модари 83-сола ва духтари 55-солаи ӯ субҳи имрӯз, 7 март бар асари ҳамлаи галаи гургон ҳалок шуданд.

Мутахассисон мегӯянд, галаи гургон шояд баҳри дарёфти ғизо ба деҳа фаромада бошад, лекин ба одамон дучор шуда, ба онҳо дарафтодааст.

Тавре ба “Азия-Плюс” сокинони деҳаи мазкур дар ин робита хабар доданд, субҳгоҳон занон нияти адои намоз карда ба ҳавлии берун мебароянд ва ин ҳангом ба онҳо гургон ҳамла мекунанд.

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон низ маълумоти ҳамлаи гургон ба одамонро тасдиқ мекунанд.

Бино ба гуфтаи номзади илмҳои биологӣ, раиси Ассотсиатсияи шикорчиёни Тоҷикистон Алихон Латифӣ, галаи гургонеро, ки ба занон ҳамла кардааст, мебояд пайгирӣ намуду парронид, то ки ҳамлаи ҳайвонҳо такрор нашавад ва барои ин даъвати мутахассисон – шикорчиён лозим аст.

Латифӣ қайд кард, ки баъди парронидани гургон ҷиҳати муайян кардани гирифтории онҳо ба бемории ҳорӣ (девонагӣ) ташхисҳо гузаронидан зарур аст.

“Соли гузашта мо гургонро дар қисмати марказии Тоҷикистон парронида, ташхис гузаронидем ва маълум шуд, ки онҳо ба бемории девонагӣ гирифтор шудаанд. Вазъ дар Шуғнон барои мо номаълум аст, шояд ин ҷо ҳам гирифторӣ ба ин беморӣ бошад”, – иброз дошт номбурда.

Ба қавли Латифӣ, ин вазъро таҳлилу баррасӣ намуда, чорабиниҳои биотехникӣ баргузор намудан лозим аст, аз ҷумла муайян кардани шумори гургон, чӣ миқдор парронидани онҳо барои маҳдуд кардани шумори онҳо дар атрофи деҳаҳо ва ғайра.

“Барои танзими шумори гургон мо онҳоро мепарронем, лекин ин амал доимӣ нест. Шикори гургон кори осон нест, барои ин гурӯҳҳои махсус лозим мебошад. Пайгирии гургон низ мушкил аст, чунки гургон хеле зираку пинҳонкоранд”, – шарҳ медиҳад ӯ.

Сабабҳои ҳамларо мутахассис ба гуруснагии имконпазири гургон дар зимистони сербарф рабт дода, аз эҳтимол дур намедонад, ки ҳайвоноти ваҳшӣ баҳри дарёфти чорвои хонагӣ ба деҳа фаромада, лекин бо одамон вохӯрдаанд.

“Дар асл сабабҳои ҳамла гуногун буда метавонанд, вазъро омӯхтан лозим аст. Шумори ҳайвоноти сумдор дар Помир кофӣ аст, бинобар ин шумори гургон низ афзудааст”, – илова намуд Латифӣ.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...