Раиси вилояти Сурхондарё ҳамтои хатлонии худро ба ҷашни Наврӯз даъват кард

Ҳокими вилояти Сурхондарёи кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон Баҳодур Пӯлодов раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзодаро даъват намуд, ки Наврӯзро ҳамроҳ ҷашн гиранд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар дод. Ба ғайр аз раиси вилояти Хатлон, ба иштирок дар чорабиниҳои асосии идона дар вилояти Сурхондарё, ки санаи 17 март дар Тирмиз […]

Ҳокими вилояти Сурхондарёи кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон Баҳодур Пӯлодов раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзодаро даъват намуд, ки Наврӯзро ҳамроҳ ҷашн гиранд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар дод.

Ба ғайр аз раиси вилояти Хатлон, ба иштирок дар чорабиниҳои асосии идона дар вилояти Сурхондарё, ки санаи 17 март дар Тирмиз баргузор мешаванд, ҳамчунин раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода, сардорони посгоҳҳои гумрукӣ ва сарҳадии воқеъ дар марз бо минтақаи ҷануби Ӯзбекистон низ даъват шудаанд.

Дар таҷлили ҷашни Наврӯз дар Тирмиз баргузории консерти муштараки устодони санъати вилояти Хатлон ва Сурхондарё дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки меҳмони ҳамдигар шудан байни минтақаҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ба як анъанаи неке табдил ёфта истодааст.

Раҳбарияти вилояти Хатлон меҳмони доимӣ дар чорабиниҳо дар Тирмиз буда, раиси вилояти Сурхондарё Баҳодур Пӯлодов аз шаҳри Турсунзода боздид ва дар таҷлили чашни Меҳргон иштирок кард.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.