Наҷотдиҳандагони КҲФ аз худкушии зане дар Хуҷанд пешгирӣ намуданд

Asia-Plus

Ба дастаи наҷоти вокуниши сареъи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон дар вилояти Суғд муяссар гардид, ки сокини 32-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилоятро, ки мехост худро ба дарёи Сир андозад, наҷот диҳанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумита, ин ҳодиса дар қаламрави шаҳри Хуҷанд рух додааст. Ҷавонзани 32-сола хостааст худро дар дарё андозад ва худкушӣ кунад. Дар бораи сабабҳои ба ин амали носавоб даст задани ҷавонзан маълумоте дар даст нест. Ҳоло кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки наҷотбахшон хонумро баъди наҷот ба онҳо супурдаанд, саргарми омӯзиши қазияанд.

Қайд мешавад, ки ин гуна ҳодисаҳо аввалин бор рух надодаанд, борҳо ба кормандони хадамоти наҷот ва воҳидҳои вокуниши сареъи Кумита муяссар шудааст, ки бонувону ҷавонмардонеро, ки бо сабабҳои гуногун мехоҳанд даст ба худкушӣ зананд, наҷот диҳанд.

Зикр мегардад, ки ҳаёт як бор аст ва бояд ба қадри он расид. Бо худкушӣ мушкили инсон осон намешавад ва агар фаразан ӯ тарки олам кард, даҳҳо тан аз пайвандонро дар сӯг менишонад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз сокинони кишвар хоҳиш кардааст, ки бо ҳам меҳрубон бошанд, аз ҳоли якдигар бохабар шаванд, ба ҳамдигар дасти ёрӣ дароз кунанд. Чун аксаран инсонҳо замоне тасмим ба худкушӣ мегиранд, ки танҳоиро ҳис мекунанд. Танҳоӣ хеле мушкил аст ва роҳи ягонаи раҳоӣ аз он бо ҳам будану бо ҳам сохтан аст!

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...