Наҷотдиҳандагони КҲФ аз худкушии зане дар Хуҷанд пешгирӣ намуданд

Ба дастаи наҷоти вокуниши сареъи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон дар вилояти Суғд муяссар гардид, ки сокини 32-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилоятро, ки мехост худро ба дарёи Сир андозад, наҷот диҳанд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумита, ин ҳодиса дар қаламрави шаҳри Хуҷанд рух додааст. Ҷавонзани 32-сола хостааст худро дар дарё […]

Ба дастаи наҷоти вокуниши сареъи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон дар вилояти Суғд муяссар гардид, ки сокини 32-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилоятро, ки мехост худро ба дарёи Сир андозад, наҷот диҳанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумита, ин ҳодиса дар қаламрави шаҳри Хуҷанд рух додааст. Ҷавонзани 32-сола хостааст худро дар дарё андозад ва худкушӣ кунад. Дар бораи сабабҳои ба ин амали носавоб даст задани ҷавонзан маълумоте дар даст нест. Ҳоло кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки наҷотбахшон хонумро баъди наҷот ба онҳо супурдаанд, саргарми омӯзиши қазияанд.

Қайд мешавад, ки ин гуна ҳодисаҳо аввалин бор рух надодаанд, борҳо ба кормандони хадамоти наҷот ва воҳидҳои вокуниши сареъи Кумита муяссар шудааст, ки бонувону ҷавонмардонеро, ки бо сабабҳои гуногун мехоҳанд даст ба худкушӣ зананд, наҷот диҳанд.

Зикр мегардад, ки ҳаёт як бор аст ва бояд ба қадри он расид. Бо худкушӣ мушкили инсон осон намешавад ва агар фаразан ӯ тарки олам кард, даҳҳо тан аз пайвандонро дар сӯг менишонад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз сокинони кишвар хоҳиш кардааст, ки бо ҳам меҳрубон бошанд, аз ҳоли якдигар бохабар шаванд, ба ҳамдигар дасти ёрӣ дароз кунанд. Чун аксаран инсонҳо замоне тасмим ба худкушӣ мегиранд, ки танҳоиро ҳис мекунанд. Танҳоӣ хеле мушкил аст ва роҳи ягонаи раҳоӣ аз он бо ҳам будану бо ҳам сохтан аст!

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.