Имсол аз таъсисёбии аввалин нашрияи тоҷикзабон – «Бухорои Шариф» 107 сол сипарӣ мегардад. Вобаста ба ин, мо аз баъзе ҳамкасбони худ дар бораи он навиштаҳое, ки боиси ифтихорашон аст, пурсон шудем.
Рамзия Мирзобекова: «Тақдири онҳое, ки шиканҷа шуда буданд, барои ҳамеша дар хотирам боқӣ монд»
– Бо кадом мақолаам ифтихор дорам? Фикр мекунам ин мақолаи «Тафтишот ё истинтоқ» («Следствия или инквизиция») аст, ки охири соли 2010 навишта шуда буд. Ин аввалин таҳқиқоти журналистӣ дар Тоҷикистон оид ба мавзӯи шиканҷа буд. То ин замон доир ба ин мавзуъ касе мақола наменавишт. Аммо пас аз нашри мақолаи мо, ин мавзуъ ба таври васеъ муҳокима гардид. Соли 2011 Эътилофи зидди шиканҷа таъсис ёфт ва соли 2012 ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистон моддаи алоҳида оид ба шиканҷа ворид карда шуд. Фикр мекунам ин ҳама пас аз нашри мақолаи мо буд.
ИЗОБРАЖЕНИЕ Рамзия Мирзобекова
Баъдан худи мо низ ба мушкилоти зиёд гирифтор шудем. Роҳбари Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили ВКД рӯзномаро ба додгоҳ кашид, чун дар мақола сухан аз кормандони ин идора мерафт. Даъват ба прокуратура, пурсишҳои зиёд, фишорӣ равонӣ… Гӯё ҷиноятро журналист содир карда бошад. Нисбати нафароне, ки мо дар дар бораи онҳо навишта будем, гӯё тафтишот анҷом дода, ягон хел қонунвайронкуниро ошкор накардаанд.
Баъдан даъвои судӣ гирифта шуд, аммо дидаву шунидаам то дер вақт маро азоб медод. На пурсишҳои зиёд дар прокуратура ё фишор ба ман, балки тақдири онҳое, ки мавриди шиканҷа қарор гирифта буданд, ҳамеша дар хотирам боқӣ монд.
Зафар Абдуллоев: «Аз куҷо ин қадар ҷасорат пайдо мекардам…»
– Бовар дорам, барои дилхоҳ журналист ҷудо кардани маводи алоҳида кори душвор аст. Зеро ҳар як навишта, навор ё садо барои журналист азиз аст.
Имрӯз бо он навиштаҳоям ифтихор дорам, ки қабл аз ҳама худамро ба тааҷҷуб овардаанд. Ин колонкаҳо (сутуннависӣ) дар ҳафтаномаи «Факты и комментарии» аст. Теъдоди нашри ҳафтанома зиёд набуд, аммо ҳоло вақте ба он навиштаҳо чашмам меафтад, ба худ меандешам, ки чӣ тавр ҷуръат карда, онҳоро навиштаам. Аз куҷо ин қадар ҷасорат ва нотарсӣ…
Аз ҳама муҳим, баъдтар фаҳмидам, ки он навиштаҳои ман ба нафароне, ки дар қабули қарорҳо таъсир мерасонанд, расидааст. Барои ман ин хеле муҳим аст, зеро ҳамеша кӯшиш мекардам, ки сухани ман дар «боло» шунида шавад, чун дар ниҳоят тағйирот дар кишвар аз онҳо вобаста аст.
Ҳарчанд ҳоло кишвар бо он роҳе, ки мехостем рушд намекунад, аммо кӯшишҳои мо – журналистони солҳои 2000-2010 беҳуда набуд. Мо натавонистем демократикунонии ҷомеаро таъмин намоем, аммо тавонистем суръати равандҳои авторитариро то андозае коҳиш диҳем.
Нуралӣ Давлат: «Нашри газетаро боздоштанд»
– Мехоҳам баҳсеро, ки соли 2009 дар атрофи Пойгоҳи низомии Русия оғоз ёфт, ёдовар шавам. Давоми се сол таъкид намудам, ки дар ниҳоят Тоҷикистон бо шартҳои ҷониби Русия шартномаи будубоши пойгоҳи низомиро имзо мекунад. Бисёре аз ҳамкасбон бовар доштанд, ки Тоҷикистон замоне шартномаро имзо мекунад, ки Русия солона 300 миллион доллар ҳақи иҷора пардохт намояд. Аммо дар ниҳоят бештар аз интизории ман рух дод: ҳарбиёни Русия ҳақи дахлнопазирии дипломатӣ ба даст оварданд.
Мақолаи дигар дар бораи Додоҷон Атовуллоев буд, ки соли 2004 бо номи «Оё воқеан сармуҳаррири «Чароғи рӯз аз ҳақиқат метарсад?» дар газетаи «Одаму олам» нашр шуд. Онро газетаҳои ҳукуматӣ нашр намуданд ва бисёре аз ҳамкасбон норозӣ буданд ва гумон доштанд, ки онро бо супориши мухолифони Д. Атовуллоев навиштаам. Аммо дар асл ин тавр набуд ва ман хоҳиши идома додани он мақоларо рад кардам.
Баъдан мақолаи «Дерипаска барои мо чӣ месозад: ҳукумат ё НБО» низ баҳси зиёдро ба миён овард. Мақолаҳо дар бораи Ёқуб Салимов, НБО Роғун, кормандони мақомоти андози шаҳри Ҳисор низ дар хотирам мондаанд.
Мақолае, ки дар бораи ҳодисаи куштори 25 сарбози Вазорати мудофиа дар дараи Камаров навишта будем, низ баҳси зиёдро ба миён овард ва ҳатто боиси барои як муддат баста шудани газетаи «Фараж» шуд.
Манижа Қурбонова: «Сухангӯи ғайрирасмии Шавкат Мирзиёев»
– 13 соле, ки дар «Азия-Плюс» фаъолият доштам, сафарҳои зиёд намудам ва матлабҳои гуногун навиштам. Аммо ду мақолае, ки навиштам, дар хотирам нақш бастаанд.
Аввал, мақолае, ки дар бораи Кароматулло Қурбонов навишта будам. Барои навиштани матлаб ба макони қатли ин сарояндаи машҳур – минтақаи Даҳанаи ноҳияи Ёвон рафтем, бо онҳое, ки шоҳиди ҳодиса буданд суҳбатҳо намудем. Ҳатто нафареро, ки вобаста ба ҳодисаи куштори Кароматулло Қурбонов ҳабс шуда, ба озодӣ баромада буд, низ вохӯрдем. Ба хонаи Восит, қотили Кароматулло Қурбонов рафта, бо пайвандони ӯ низ суҳбат намудем.
Бо хешовандону наздикони сароянда низ суҳбатҳо кардем. Баъдан бо ҳуҷҷатҳое, ки дар бойгонии Суди олӣ нигоҳ дошта мешаванд, шинос шуда, дар охир матлаби хубе омада кардем. Пас аз нашр, матлаб ба таври густурда муҳокима гардид, газетаро дар як муддати кӯтоҳ харидорӣ намуданд. Мақоларо нашрияҳои дигар низ бознашр намуданд.
Мақолаи дуюм дар бораи Шавкат Мирзиёев буд. Соли 2010 ман ба шаҳри Истаравшан сафар карда, дар бораи пайвандони Президенти кунунии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мақола омода намудам. Он замон Шавкат Мирзиёев ҳоло сарвазир буд, аммо овозаҳо дар бораи эҳтимоли президент шудани ӯ ҷой дошт.
Ҳарчанд маълумоти зиёд дастрас карда натавонистем, аммо баъзе далелҳоро ошкор намудем. Малум шуд, ки Шавкат Мирзиёев чандин сол пеш ба ин шаҳр омада, бо пайвандони худ мулоқот кардааст ва то ҳол бо амакбачаҳои худ робита доштааст.
Мақоларо нашр кардем, аммо он замон кам нафарон ба он таваҷҷуҳ карданд. Аммо пас аз 7 сол, вақте Ислом Каримов вафот карду Шавкат Мирзиёев номзад ба президентӣ шуд, мақолаи мазкур на танҳо дар «Азия-Плюс», балки дар бисёре аз расонаҳои интернетии Ӯзбекистон бознашр гардид.
Вақте Шавкат Мирзиёев Президенти Ӯзбекистон интихоб шуд, овозаҳое паҳн карданд, ки гӯё ӯ ба ман дар шаҳр Дубай хона туҳфа намудааст. Ҳатто мегуфтанд, ки ман гӯё сухангӯи ғайрирасмии Ш. Мирзиёев бошам.
Хуршед Атовулло: “Ҳар як навишта, порае аз зиндагиномаам аст”
– Барои волидайн фарзанд хубу бад намешавад. Ҳар кадоме ҷойи худро дорад ва азиз аст. Барои ман ҳам чунин аст. Ҳар як мавод, ҳар як асар барои ман порае аз зиндагиномаам аст. Умре, ки барои навиштани он сарф кардаам, азиз аст. Аз ин рӯ, ман маводи "дӯстдошта" – ю "ӯгай" надорам. Шояд барои он бошад, ки ҳанӯз барои навиштани ягон мавод пушаймон нашудаам…
Иршод Сулаймонӣ: “Ҳақиқат ва адолат арзиши муқаддас аст!”
– Албатта, ман наметавонам худам дар мавриди матлабҳоям доварӣ кунам, ин корро беҳтар аст мухотабони мо, яъне хонандаҳо бикунанд. Аммо метавонам бигӯям, ки аз ҳеч навиштаам шарм намекунам ва хиҷолат намекашам. Зеро тамоми талошро мекунам, ки воқиятро сарфи назар накунам ва бо камоли масъулият менависам. Ҳарчанд барои навиштаҳоям маро ба ниҳодҳои давлатӣ даъват кардаанд, таҳдид намудаанд ва аз ҳисоби навиштаҳоям дар зиндагии хусусӣ хеле чизҳоро бохтаам, вале ин ҳеч гоҳе мояи хиҷолати ман набудааст, балки ҳамеша аз ин рӯйкарди худам ифтихор кардаам.
Қадам задан дар масири ҳақиқат ва талош кардан барои адолат ин арзиш ва усули зиндагии ман аст. Инсон метавонад мавқеяшро тағйир диҳад, вале тағйир дар усул ба маънои хиёнат аст.


