Ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар Душанбе ба муносибати ҷашни Наврӯз

Дар шаҳри Душанбе ба муносибати ҷашни Наврӯз аз 16 то 20 март ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир мегардад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт. Қарори мазкур аз ҷониби раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ бо мақсади ғановати бозори маҳсулоти хӯрокворӣ ва дастрасии ин маҳсулот ба сокинон дар остонаи ҷашни Наврӯз қабул шудааст. Маҳсулоти деҳқононро […]

Дар шаҳри Душанбе ба муносибати ҷашни Наврӯз аз 16 то 20 март ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир мегардад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт.

Қарори мазкур аз ҷониби раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ бо мақсади ғановати бозори маҳсулоти хӯрокворӣ ва дастрасии ин маҳсулот ба сокинон дар остонаи ҷашни Наврӯз қабул шудааст.

Маҳсулоти деҳқононро метавон аз бозорҳои “Меҳргон” дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ,  “Саховат” дар ноҳияи Фирдавсӣ, фурӯшгоҳҳои бозор дар рӯ ба рӯи беморхонаи Қарияи Боло дар ноҳияи Сино ва назди бинои Кумитаи меъморӣ ва сохтмон дар ноҳияи Шоҳмансур дастрас намуд.

Дар ярмаркаҳо маҳсулоти ниёзи аввали Агентии хариди давлатӣ ва Иттифоқи “Тоҷикматлубот” низ ба фурӯш бароварда мешавад.

“Маҳсулот дар ярмаркаҳо бо нархи нисбатан арзонтар аз бозорҳо ба фурӯш гузошта мешавад”, – қайд карданд дар мақомоти шаҳрдории пойтахт.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.