Ҳукми 7 соли зиндон ба шаҳрванди Ӯзбекистон барои омодагӣ ба амали террористӣ дар Шветсия

Додгоҳе дар Шветсия Давид Идриссон (Фарҳод Тошмуҳаммадов), шаҳрванди 47-солаи Ӯзбекистонро барои омодагӣ ба ҳамлаи террористӣ дар ин кишвар ҳафт сол аз озодӣ маҳрум кард. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, мақомот гуфтаанд, ҳамла бояд аз номи гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" анҷом мешуд ва онҳо пешгирӣ кардаанд. Гуфта мешавад, расонаҳои Шветсия рӯзи 9-уми март ба […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Додгоҳе дар Шветсия Давид Идриссон (Фарҳод Тошмуҳаммадов), шаҳрванди 47-солаи Ӯзбекистонро барои омодагӣ ба ҳамлаи террористӣ дар ин кишвар ҳафт сол аз озодӣ маҳрум кард.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, мақомот гуфтаанд, ҳамла бояд аз номи гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" анҷом мешуд ва онҳо пешгирӣ кардаанд.

Гуфта мешавад, расонаҳои Шветсия рӯзи 9-уми март ба нақл аз мақомот гуфтаанд, аз Давид Идриссон маводи кимиёӣ гирифта шудааст, ки метавонист дар таҳияи бомба ба кор равад. Ӯ баъди адои давраи ҷазо умрбод аз Шветсия ихроҷ хоҳад шуд.

Фарҳод Тошмуҳаммадов соли 2008 баъди кӯчидан ба Шветсия номашро ба Давид Идриссон тағйир дод. Ӯ дар ин кишвар паноҳанда буд.

Муҳокимаи панҷ ӯзбекистонӣ ва як шаҳрванди Қирғизистон моҳи январи имсол дар Стокголм оғоз ёфт. Ин афрод дар омодагӣ ба ҳамлаи террористӣ дар Шветсия ва сармоягузории гурӯҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" гумонбар шудаанд.

Дар изҳороти Додситонии Шветсия гуфта шудааст, "се нафар аз муттаҳамон маводи кимиёӣ ва таҷҳизоти дигарро дастрас карда буданд, то одамони бисёрро бикушанд ва захмӣ кунанд. Агар ин ҳамла сурат мегирифт, ба Шветсия зарари зиёд мерасид."

Зимнан зикр мегардад, ки вале боздоштшудаҳо иттиҳомро рад кардаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.