Наврӯзро имсол чӣ гуна ҷашн мегирем?

Asia-Plus

Омодагирии шаҳри Душанбе ба ҷашни Наврӯз босуръат ҷараён дорад. Донишҷӯёну хонандагон раҳпаймоӣ кардаву варзишгарон омодагӣ мегиранд. Хадамоти гуногун кӯчаву хиёбонҳои шаҳрро ба тартиб меоваранд.

Ёдрас мекунем, ки имсол бори нахуст дар таърихи Тоҷикистон санаи 21 март бо иштироки ҳунармандони мардумӣ, масхарабозону дорбозон ва раққосон аз саросари кишвар ба ифтихори ҷашни Наврӯз Карнавали наврӯзӣ (Шодиёнаи наврӯзӣ) доир мегардад.

Рӯзи 16 март аз соати 8 то 9-и субҳ марафони велосипедронӣ ва аз соати 9 то 10 дави наврӯзӣ гузаронида мешавад. Веломарафон ва дави наврӯзӣ аз маҷмааи “Наврӯзгоҳ” оғоз гардида, дар посгоҳи “Чорбоғ” (роҳи вуруд ба ноҳияи Варзоб) ба итмом мерасанд.

Ҳамин рӯз дар бозорҳои чор ноҳияи шаҳри Душанбе ярмаркаҳои наврӯзӣ ба кор шурӯъ мекунанд.

Санаи 20 март Наврӯз дар шаҳри Норак дар сатҳи ҷумҳуриявӣ бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмонони хориҷӣ ҷашн гирифта мешавад.

Шаби 20 ба 21 март март дар чор ноҳияи шаҳр фарорасии соли навро бо чорабиниҳои фарҳангӣ пешвоз мегиранд. Чорабиниҳои фарҳангӣ дар майдони 800-солаги Маскав (назди театри опера ва балет), боғҳои Айнӣ, Фирдавсӣ ва майдони Сино (назли Прокуратураи генералӣ) баргузор мешаванд.

Рӯзи 21 март аз соати 9 то 13 дар роҳҳои асосии пойтахт дар хиёбонҳои Рӯдакӣ ва Исмоили Сомонӣ карнавал доир гардида, дар тамоми боғҳои шаҳр аз соати 10 баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва фароғатӣ ба нақша гирифта шудааст.

Санаи 22 март дар “Кохи Суруш” ва Китобхонаи миллӣ аз соати 9 то 16 зери унвони “Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ" форуми байналмилалӣ барпо шуда, соати 17:30 дар мҷмааи “Наврӯзгоҳ” намоиши театрикунонидашуда оғоз мегардад.

Ҳамчунин санаи 23 март аз соати 9 то 14 дар “Боғи Ирам” (Боғи ботаникӣ) таҳти унвони "Наврӯз – мероси фарҳангию сайёҳӣ" фестивали байнулмилалӣ доир мегардад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...