Наврӯзро имсол чӣ гуна ҷашн мегирем?

Омодагирии шаҳри Душанбе ба ҷашни Наврӯз босуръат ҷараён дорад. Донишҷӯёну хонандагон раҳпаймоӣ кардаву варзишгарон омодагӣ мегиранд. Хадамоти гуногун кӯчаву хиёбонҳои шаҳрро ба тартиб меоваранд. Ёдрас мекунем, ки имсол бори нахуст дар таърихи Тоҷикистон санаи 21 март бо иштироки ҳунармандони мардумӣ, масхарабозону дорбозон ва раққосон аз саросари кишвар ба ифтихори ҷашни Наврӯз Карнавали наврӯзӣ (Шодиёнаи наврӯзӣ) […]

Омодагирии шаҳри Душанбе ба ҷашни Наврӯз босуръат ҷараён дорад. Донишҷӯёну хонандагон раҳпаймоӣ кардаву варзишгарон омодагӣ мегиранд. Хадамоти гуногун кӯчаву хиёбонҳои шаҳрро ба тартиб меоваранд.

Ёдрас мекунем, ки имсол бори нахуст дар таърихи Тоҷикистон санаи 21 март бо иштироки ҳунармандони мардумӣ, масхарабозону дорбозон ва раққосон аз саросари кишвар ба ифтихори ҷашни Наврӯз Карнавали наврӯзӣ (Шодиёнаи наврӯзӣ) доир мегардад.

Рӯзи 16 март аз соати 8 то 9-и субҳ марафони велосипедронӣ ва аз соати 9 то 10 дави наврӯзӣ гузаронида мешавад. Веломарафон ва дави наврӯзӣ аз маҷмааи “Наврӯзгоҳ” оғоз гардида, дар посгоҳи “Чорбоғ” (роҳи вуруд ба ноҳияи Варзоб) ба итмом мерасанд.

Ҳамин рӯз дар бозорҳои чор ноҳияи шаҳри Душанбе ярмаркаҳои наврӯзӣ ба кор шурӯъ мекунанд.

Санаи 20 март Наврӯз дар шаҳри Норак дар сатҳи ҷумҳуриявӣ бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмонони хориҷӣ ҷашн гирифта мешавад.

Шаби 20 ба 21 март март дар чор ноҳияи шаҳр фарорасии соли навро бо чорабиниҳои фарҳангӣ пешвоз мегиранд. Чорабиниҳои фарҳангӣ дар майдони 800-солаги Маскав (назди театри опера ва балет), боғҳои Айнӣ, Фирдавсӣ ва майдони Сино (назли Прокуратураи генералӣ) баргузор мешаванд.

Рӯзи 21 март аз соати 9 то 13 дар роҳҳои асосии пойтахт дар хиёбонҳои Рӯдакӣ ва Исмоили Сомонӣ карнавал доир гардида, дар тамоми боғҳои шаҳр аз соати 10 баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва фароғатӣ ба нақша гирифта шудааст.

Санаи 22 март дар “Кохи Суруш” ва Китобхонаи миллӣ аз соати 9 то 16 зери унвони “Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ" форуми байналмилалӣ барпо шуда, соати 17:30 дар мҷмааи “Наврӯзгоҳ” намоиши театрикунонидашуда оғоз мегардад.

Ҳамчунин санаи 23 март аз соати 9 то 14 дар “Боғи Ирам” (Боғи ботаникӣ) таҳти унвони "Наврӯз – мероси фарҳангию сайёҳӣ" фестивали байнулмилалӣ доир мегардад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.