Идомаи санҷиши ҳодисаи лату кӯби як зан дар Душанбе аз ҷониби корманди милитсия

Аваз Юлдашев, Asia-Plus

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон санҷишро нисбати корманди милитсия, ки дар яке аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе занеро мавриди лату кӯб қарор дод, идома медиҳад.

Санҷиш аз рӯи далели лату кӯби зан ҷараён дошта, аз рӯи натиҷаҳои он дар бораи ҷалби корманди милитсия ба ҷавобгарии ҷиноятӣ тасмим гирифта мешавад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ВКД Тоҷикистон.

“Худи ҷабрдида алҳол расман ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо дархости ҷалби корманди милитсия ба ҷавобгарии ҷиноятӣ муроҷиат накардааст”, – қайд кард манбаъ.

Дар навори видео, ки санаи 21 март дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуда, мавриди хашму ғазаби зиёди корбарон қарор гирифт, дида мешавад, ки дар яке аз кӯчаҳои Душанбе марде бо сарулибоси корманди милитсия дар кадом хусус бо зане баҳс карда, баъдан ӯро лату кӯб мекунад.

https://www.youtube.com/watch?v=NyzLOEVq2Jw

Дар навор лату кӯби зан аз ҷониби корманди милитсия намоиш дода мешавад. Вақте ду нафар роҳгузарон ба корманди милтсия эрод гирифта, таваҷҷуҳи ӯро ба дигар сӯ ҷалб мекунанд, зан ба сари ӯ зарба мезанад. Баъдан дар кадр дида мешавад, ки зан дар замин хобида, корманди милится дастони ӯро ба пушт мебандад.

Бино ба маълумоти ВКД ҶТ, ин корманди дар навор сабтшуда корманди бозрасии хадамоти роҳбонӣ-пайраҳадории Воҳиди махсуси ВКД, старшина Сафарбек Маҳмасаидзода мебошад.

Зикр гардида буд, ки Сафарбек Маҳмасаидзода аз қонуншикании аз ҷониби сокини ноҳияи Рӯдакӣ Мадина Шамсоваи 33-сола содиршуда пешгирӣ карданӣ буд.

“Зан қаблан барои содир намудани ҷиноятӣ дуздӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб шуда, зимни ҳодиса дар ҳолати мастӣ қарор дошт ва тартиботи ҷамъиятиро вайрон карда, ба мардуми роҳгузар дарафтода буд”, – хабар дода буд ВКД.

Ба иттилои манбаъ, корманди милитсяи бо ӯ баҳсу мунозира намуда, ҳангоми пеши роҳи ҳуқуқвайронкунии Шамсоваро гирифтан бо номбурда дағалона рафтор намуда, худ ба қонуншиканӣ яъне вайрон намудани талаботҳои фармонҳои ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳ дод.

Гуфта мешавад, бо фармоиши Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон старшинаи милитсия Маҳмасаидзода Сафарбек Маҳмасаид аз мақомоти корҳои дохилӣ озод карда шуда, ҳамзамон дар асоси ин фармоиш роҳбарияти Воҳиди махсуси ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дуруст ба роҳ нагузоштани корҳои интизоми-тарбиявӣ дар байни ҳайати шахсӣ ба ҷазоҳои гуногуни интизомӣ кашида шуданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...